Шоҳидии муттаҳами дигари ҳамла ба кормандони комиссариат: Як мушт задам

Шоҳидии муттаҳами дигари ҳамла ба кормандони комиссариат: Як мушт задам
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон навори шоҳидии Шарифҷон Раҳматов, муттаҳами дуюми 20-сола дар ҳамлаи маргбор ба кормандони комиссариати ноҳияи Синоро нашр кард. 
 
Тибқи гузориши Вазорати умури дохилӣ Раҳматов ва Умедҷони Амрохони 21-сола, сокинони шаҳри Кӯлоб субҳи 7 ноябр дар кӯчаи Деҳотӣ бо кормандони комиссариат рӯбарӯ мешаванд: “Зимни гуфтушунид боздоштшудагон беасос ба кормандони комиссариат ҳамла мекунанд, ки дар натиҷа ду нафар ба ҳалокат мерасанд”. 
 
Дар гузориши Вазорати умури дохилӣ Раҳматов шоҳидӣ медиҳад, ки “мо саҳар барвақт аз хона баромада, кор рафта истода будем, ки ду нафар аз пеши роҳамон баромаданд. Як мушт зада гурехтам...”
 
Ӯ афзуд, ки баъдан ба ҳамроҳаш-Умедҷони Амрохон занг зада суол кардааст, ки дар куҷост: “Гуфт як ҷо истодагиам. Онҳоро бо кордча задам, гурехтам”.
 
Шоҳидии муттаҳами дигари ҳамла ба кормандони комиссариат: Як мушт задамУмедҷони Амрохон, ки сокини 21-солаи шаҳри Кӯлоб муаррифӣ мешавад, дар навори нашркардаи ВКД мегӯяд, “аз хона ба ҷои кор омада истода будем, ки шахсони номаълум омада, салом доданд. Чор нафар буданд, ҳар чорашонро бо кордча задам. Кордчаро як моҳ қабл аз бозор харида будам”. 
 
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ин ду боздоштшуда соати 7:20 дақиқаи 7-уми ноябр дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе бо кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино - лейтенанти калон Эгамбердиев Темурхон, майор Мирзоев Пулод, прапоршик Насибов Ҳамза ва ронандаи комиссариати мазкур - Саъдуллоев Рустам муноқиша карда, бо корд номбурдагонро маҷруҳ кардаанд: “Дар натиҷа майор Мирзоев Пӯлод дар ҷойи ҳодиса прпоршик Насибов Ҳамза низ дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Дигарон бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд”.
 
Мақомот ҷузъиёти муноқишаро шарҳ намедиҳанд, аммо ҳадс зада мешавад, ки ҷинояти мудҳиш дар пайи “облава” барои ҷалби наваскарон ба хидмати ҳарбӣ содир гардидааст. 
Ozodagon