Шубҳаи Р.Зойиров аз саҳеҳияти маълумоти дастгоҳи Омбудсмен

Шубҳаи Р.Зойиров аз саҳеҳияти маълумоти дастгоҳи Омбудсмен

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон» Раҳматилло Зойиров ба маълумоти ахири намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқ (Омбудсмен)-и Тоҷикистон дар бораи зиндаву саломат будани маҳбус Маҳмадсаид Раҳимов шубҳа дорад.

Ду рӯз қабл бо такя ба маълумоти сарчашмаи худ Зойиров дар бораи марги маҳбус бар асари сардӣ дар ҳуҷраи ҷаримавии муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и Душанбе хабар дода буд. Худи ҳамон рӯз корманди дастгоҳи Омбудсмени Тоҷикистон Ҳусниддин Нидоев аз тавқифгоҳи муваққатии №9/1 ва муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и пойтахт боздид намуда, шахсан эътимод ҳосил кард, ки дар он ҷо ҳеҷ кас аз сардӣ ҳалок нашудааст. «Дар он ҷо ҳатто аз утоқҳои кории мо гармтар буда, дар робита ба таъмини ғизову сарулибос ҳеҷ мушкилие ҷой надорад», - иброз дошта буд номбурда.

«Ман ному насаби шахсеро, ки ба ман дар ин бора маълумот дод, ифшо намесозам, вале гуфта метавонам, ки ин шахс бевосита корманди ҳамин муассисаи ислоҳӣ аст. Дар мавриди он ки намояндагони дастгоҳи Омбудсмен далели марги маҳбусро тасдиқ накардаанд, ин ҳанӯз чизе нест, зеро шояд ба ӯ на маҳбус Маҳмадсаид Раҳимовро, ки эҳтимол дар ҷаримагоҳи маҳбас аз сардӣ фавтидааст, балки тамоман каси дигарро нишон дода бошанд. Шояд ин ҷо боз чизи дигаре бошад. Ман ба сарчашмаи маълумоти худ эътимод дорам, аз ин рӯ, ин масъала ҳоло ҳам кушода боқӣ мемонад», - гуфт Зойиров.

Азия-Плюс