Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Шӯрои амрикоӣ дар Душанбе мегӯяд, ин созмон аз мақомоти Тоҷикистон тақозои раҳоии Комил Арешов, раҳбари созмони "Дасти ёрӣ"-ро накарда буд.
Масъулони Шӯрои амрикоӣ дар Душанбе рӯзи ҷумъа ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "дар ҳақиқат ин мактуб ба ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон дар маврид сафар доштани Комил Арешов ироа шуда буд, аммо дар ин мактуб сухан дар мавриди раҳо кардан ё накардани Комил Арешов намерафт".
Ба ин далел масъулони шӯрои амрикоӣ дар Душанбе хабари бо тақозои ин созмон раҳо шудани Комил Арешовро рад мекунанд. Онҳо раҳо шудани Комил Арешовро ба иродаи мақомоти интизомии Тоҷикистон марбут медонанд.
Комил Арешов, раҳбари созмони хайрияи "Дасти ёрӣ" як рӯз пеш аз мӯҳлат аз ҳабс озод шуда, алакай ба Амрико сафар кардааст.
Ҳамтақдирони Комил Арешов аз созмони "Дасти ёрӣ" Комрон Асозодава Тоҳир Холовро рӯзи 3-юми октябр мақомот аз боздошгоҳи муввақати шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо мошин хона ба хона бурдаанд, то ки бо хабарнигорон рӯбарӯ наоянд.
Шоми 3-юми октябр тавассути шабакаи давлатии телевизионии«Сафина» наворе ҳам нашр шуд, ки дар он Арешов ва ҳамкоронаш бо айби онҳо рух додани моҷарои рӯзи 27 сентябрро ба гардан мегиранд. Аммо мунтақидон мегӯянд, ин навор метавонад ё таҳти фишор сабт шуда бошад ваё натиҷаи муомилаест, ки бар асоси он, раҳбари созмони хайрияи «Дасти ёрӣ» тавонист як рӯз қабл аз ҳабси панҷрӯзааш озод шуда, аз сафари Амрико намонад.
Комил Арешов дар ин барнома аз ҷумла гуфт: «Нозирони БДА гуфтанд ки мошинро ронем, наистем. Лекин мо истодем, хостем борамонро зуд аз мошин фарорем ва мошин равад. Бинобар ин байни мо нофаҳмӣ сар зад ва моро оварданд ба шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Сино ва дар он ҷо протокол тартиб доданд».
Комрон Асозода ва Тоҳир Холов баъди раҳоияшон аз ҳабси панҷрӯза низ нахостанд, бо матбуот сӯҳбат кунанд.
Абдураҳмон Шарипов, вакили дифоъи аъзои созмони «Дасти ёрӣ» мегӯяд, онҳо тасмим доданд, ки ба муҷарради раҳоӣ изҳороти матбуотӣ диҳанд, вале барои ӯ ҳам маълум нест, ки чаро ҳоло сукутро авлотар донистанд: «Онҳо худ бояд тасмим бигиранд, ки ба зинаҳои болӣ шикоят мебаранд ва ё не?»
Комил Арешов, роҳбари созмони «Дасти ёрӣ» ва ду корманди ихтиёрии ин созмони хайрия Комрон Асозода ва Тоҳир Холов ба он гунаҳкор шудаанд, ки рӯзи 27 сентябр мошини худро қабл аз гузаштани корвони мошинҳои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз кӯчаҳои маркази Душанбе нигоҳ доштаанд. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рӯзи 28 сентябр ҳарсеи онҳоро ба 5 шабонарӯзи ҳабс маҳкум кард.
Комил Арешов ва Комрон Асозода қабл аз мурофиа дар як навори видеоӣ ба ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, ки ҳеҷ кори ғайриқонуние накардаанд ва баръакс маъмурони милиса бо дашному ҳақорат ба онҳо дарафтода ва дар пеши чашми мардум дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе, дар назди маркази тиҷории «Садбарг» калтаккӯб кардаанд.Комил Арешов дар Фейсбук навишта буд, ки маъмурони милиса бо истифода аз алфози хеле қабеҳ дар мазҳари омм онҳоро зери мушту лагат гирифтаанд.
Вакили онҳо Абдураҳон Шарипов мегӯяд, ки ӯ аз додгоҳ анҷоми ташхиси тибии осори латукӯб дар бадани муваккилонашро талаб карда буд, вале ин ташхисро дар боздоштгоҳ ва зери назари пулис анҷом додаанд. Яъне зери назари ҷонибе ки дар латукӯби ин 3 ҷавон айбдор мешавад. Ба ин далел вакили мудофеъ мегӯяд, гумон аст, ки натоиҷи ташхиси анҷомшуда ба фоидаи ҷониби ҷабрдида шавад.
Як корманди созмони «Дасти ёрӣ» ба Озодӣ гуфт, ки худи роҳбари ин созмон Комил Арешов, ки бояд барои як сафари корӣ озими Амрико мешуд, дар пайи номаи расмии Шӯрои амрикоӣ дар Душанбе ба вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов тавонистааст як рӯз қабл аз мӯҳлат аз ҳабс озод шавад ва билофосила ба сафар барояд.
Бастани ҳаракати нақлиёт ва тоза кардани кӯчаву хиёбонҳои воқеъ дар роҳи сафари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Барои таъмини амният дар роҳи сафари раисиҷумҳур ҳар рӯз субҳу шом дар сооте, ки ӯ аз манзилаш ба кор ва аз ҷои кор ба хона меравад, садҳо маъмури милисаро ҷалб мекунанд. Барои айни кор, яъне таъмини амнияти сафари оқои Раҳмон ҳангоми сафарҳои кории ӯ ба навоҳӣ мақомот нирӯи бамаротиб бештар ходимони умури дохиларо дар роҳҳо мустақар мекунанд, ки дар бисёр маврид мояи нороҳатӣ ва норизоияти мардум мешавад. Аммо мақомот мегӯянд, чунин шеваи таъмини амнияти сафари президент хоси бисёре аз кишварҳои дунёст.
Созмони хайрияи «Дасти ёрӣ» моҳи майи соли гузашта таъсис ёфта, то кунун бо ҷалби кумакҳои хайрияи сокинони дохилу хориҷи Тоҷикистон ба ятимхонаҳои кишвар ва даҳҳо нафар аз занону кӯдакон ва афроди пиру барҷомонда кумак кардааст. Ба гуфтаи Арешов, онҳо аз тарафи маъмурони милиса низ замоне дастгир ва латукӯб шуданд, ки мехостанд боз як қуттии хайрияи ин созмонро дар яке аз фурӯшгоҳҳои воқеъ дар минтақаи “Садбарг” бигузоранд.