Системаи пурсиш ва тафтишот дар асоси мусоҳиба

ТҶ "Дунёи ҳуқуқ" барои намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони милитсияи шаҳри Хуҷанд тренинги панҷрӯза баргузор намуд.

«Боло бурдани тахассуснокӣ ва омӯзиши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ яке аз ҷанбаҳои муҳими ислоҳоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҳсуб меёбад, ки маҳз яке аз ҳадафҳои Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 мебошад. Усулҳои пурсиш дар асоси принсипҳои Мендес ва модели P.E.A.C.E. аз таҷрибаҳои беҳтарине мебошанд, ки самаранокии кори милитсияро баланд мебардоранд, шаффофият ва адолати пурсишҳоро таъмин мекунанд, омилҳои фишори равонии кормандонро коҳиш медиҳанд ва гарави истифода нагардидани зӯроварӣ ва шиканҷа мебошанд”,- гуфт зимни суханронии ифтитоҳӣ Гулчеҳра Холматова, директори Ташкилоти ҷамъиятии “Дунёи ҳуқуқ”.

Чорабинӣ дар доираи лоиҳаҳои «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад ва «Пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон тавассути ташаббусҳои пешгирии шиканҷа», ки аз тарафи Рушди Байналмилалии Британияи Кабир, аз ҷониби Ҳукумати Британияи Кабир маблағгузорӣ мешавад, ташкил карда шуд. Барномаҳо аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Дунёи ҳуқуқ” дар ҳамкорӣ бо Фонди Ҳолланди «Perspectivity Challenge», European Union in Tajikistan, UK in Tajikistan амалӣ карда мешаванд.

ТҶ "Дунеи ҳуқуқ"