Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Суди шаҳри Қӯрғонтеппа нисбати собиқ корманди бахши кофтукови ҷиноии ШВКД-и шаҳри Сарбанд Нусрат Ёдгоров ба иттиҳоми истифодаи шиканҷа ва боздошти ғайриқонунӣ ҳукм содир намуд.
Н.Ёдгоров дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи аломатҳои моддаҳои 143, дараҷ. 1 (Шиканҷа) ва 358, қ. 1 (Боздошти ғайриқонунӣ ва ба ҳабс гирифтан)-и КҶ ҶТ гунаҳкор дониста шуда, ба 2,5 соли зиндони низоми умумӣ маҳкум гардид, вале бо назардошти ҷавонии судшаванда ва вазъи оилавии ӯ, ин ҷазо дар шакли 2 соли шартан маҳрумият аз озодӣ таъин карда шуд.
Дар муддати 10 рӯз ҷонибҳо имкон доранд, ки пас аз гирифтани нусхаи ҳукм аз болои он ба зинаи болоии судӣ шикоят баранд.
Айбдоркунандаи давлатӣ Рустамбек Розиқов дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки бо ҳукм мувофиқ буда, аз болои он шикоят намебарад. «Бо назардошти ҷавонӣ ва вазъи оилавии ӯ, метавон гуфт, ки ҳукм кофӣ аст. Ҳадаф аз ба ҷавобгарӣ кашидани чунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ ва эҳтиром гузоштани онҳо ба ҳуқуқҳои шаҳрвандон аст», - иброз дошт прокурор.
Намояндаи ҷониби ҷабрдида Ҷамшед Сатторов низ бо ҳукми суд розӣ буда, нияти шикоят аз онро надорад. Аммо падари маҳкумшуда Маҳмадназир Ёдгоров пас аз эълони ҳукм дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки ҳукми судро ғайриқонунӣ мешуморад ва аз болои он шикоят хоҳад бурд.
«Дар ҷараёни тафтишоти судӣ аён буд, ки писари ман дар содир намудани ин ҷиноятҳо гунаҳкор нест. Тамоми шоҳидони пурсидашуда гуфта натавонистанд, ки маҳз писари ман ҷабрдидаро лату кӯб кардааст. Ягон шоҳиде нест. Ҳамчунин дар хулосаи судиву тиббӣ возеҳ зикр гардидааст, ки ҷароҳатҳои сабук ба бадани ҷабрдида рӯзи 7-уми феврал расонида шудаанд, аммо дар маводи парванда гуфта мешавад, ки ӯ рӯзи 31-уми январ ҷароҳат гирифтааст. Ғайр аз ин, дар ҷараёни тафтишоти судӣ ҳуҷчатҳои ба бемористон мунтақил шудани ҷабрдида пешниҳод нашуданд», - иброз дошт Ёдгоров.
Ёдрас мекунем, ки парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Н.Ёдгоров 6-уми марти соли равон боз гардида буд. Ӯ ба истифодаи шиканҷа нисбати сокини шаҳри Сарбанд Ҷӯрабьек Сатторов мутттаҳам карда мешуд, ки ба гумони даст доштан дар дуздии 9 ҳазор сомонӣ маблағ боздошт гардида буд. Судшаванда аз хизматгузории адвокат даст кашида, зимни тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ мустақилона аз худ ҳимоя кард. Ӯ аз истифодаи шиканҷа хабар дода, тафтиши ин амалҳоро талаб карда буд.