Соли маърифати ҳуқуқӣ: Эътилоф якҷоя бо Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Тоҷикистон машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ доданд

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн таҷлил мегардад, рӯзи 3-юми июн бо мақсади маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар ҳудуди бозори «Меҳргон»-и пойтахт машваратҳои сайёри ҳуқуқии ройгон гузарониданд.

Дар давоми як соат, аз соати 09:00 то 10:00 ба 8 нафар шаҳрвандони муроҷиаткарда кумаки ройгони ҳуқуқӣ расонида шуд.

Саволҳои онҳо ба ҳолатҳои мухталиф дар самти ҳуқуқи инсон дахл доштанд:

- Чӣ тавр истифода шудани шиканҷаро исбот кардан мумкин аст, агар доғҳои дар натиҷаи шиканҷа бавуҷудома «гум» шуда бошанд?

- Оё нишондоде, ки дар натиҷаи шиканҷа гирифта шудааст, далел барои исбот шуда метавонад?

- Чӣ бояд кард, агар дархости ҷабрдида барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ рад шавад?

- Дар сурати худсарона сохтани бинои истиқоматии инфиродӣ дар қонунгузорӣ чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?

- Ману шавҳарам шаш моҳ пеш ҷудо шудем. Се нафар фарзандон бо қарори суд бо сабабҳои муайян бо шавҳари собиқам монданд. Ӯ ҳар кори аз дасташ меомадаро мекунад, то ман онҳоро набинам. Барои ҳалли ин масъала ман бояд ба куҷо муроҷиат кунам?

- Хеши наздики ман дар содир намудани ҷиноят гумонбар мешавад. Оё ман метавонам дар суд шоҳид бошам ва бо ин роҳ ба ӯ кумак расонам?

- Адвокат мегӯяд, ки ба маҳбас ба мулоқот бо зерҳимояаш дастрасӣ пайдо карда наметавонад. Оё ин имконпазир аст ё ӯ моро фиреб медиҳад? Зерҳимояи ӯ 2 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

- Оё прокурор метавонад дар фаъолияти қонунтаҳиякунӣ иштирок намояд?

Машваратчиён ба шаҳрвандон ҳуқуқу уҳдадориҳояшонро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмониданд. Ба ҳар нафаре, ки барои машварати ройгони ҳуқуқӣ муроҷиат карда буд, чатрҳо бо рамз ва суроғаи Гурӯҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон тақдим карда шуд.

«Чунин машваратҳо хеле муҳиманд, онҳо ройгонанд ва аз ҷониби ҳуқуқшиносон расонида мешаванд. Машваратҳои пулакӣ ҳоло барои ман дастрас нестанд, зеро муваққатан бекорам. Ташаккур ба Пешвои миллат, ки Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шуд, ин иқдом барои мардуми оддӣ хеле муҳим аст»,- иброз дошт яке аз муроҷиаткунандагон.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 28-уми декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва тарбияи шаҳрвандон соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд.

NotortureTj