Article Pages

Прокуратураи генералии Тоҷикистон мегӯяд, дар нимсолаи гузашта танҳо як ҳолати шиканҷаро исбот кардааст. Бино ба иттилои Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон, дар нимсолаи гузашта ба ин ниҳод 8 шикоят вобаста ба шиканҷа ворид гардид. Ба гуфтаи Юсуф Раҳмоназ 8 шикоят ҳамагӣ 1 шикоят қонеъ карда шуда, шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Аммо Прокурори генералӣ мушаххасан...

08.08.2016 - 09:37

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 5-уми август шикояти волидони сарбози фавтида Фирдавс Раҳматовро барои ҷуброни зарари маънавӣ баррасӣ карда, бо ҳалнома онро дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ муайян намуд. Ёдовар мешавем, ки Фирдавс Раҳматов 7-уми июни соли 2015 дар натиҷаи муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар артиш ба ҳалокат расида буд. Шикояти волидони ӯ аз болои Вазорати мудофиаи ҶТ бо дархости...

05.08.2016 - 20:17

Юсуф Раҳмон Аҳмадзод, Прокурори генералии кишвар мегӯяд, дар умум тарафдори ба роҳ мондани ҳукми қатл дар Тоҷикистон мебошад. Номбурда имрӯз зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт: «Ман ҳамчун Прокурори генералӣ ҷонибдори иҷрои ҳукми қатл нисбати нафароне ҳастам, ки ҷиноятҳои махсусан вазнин, аз ҷумла куштори пешакӣ тарҳрезишудаи якчанд нафар, кӯшиши табаддулоти давлатӣ, ҳаракатҳои террористӣ ва...

04.08.2016 - 14:29

Баррасии аризаи даъвогии волидони сарбози дар артиш ба ҳалокатрасида зидди вазорати дифои Тоҷикистон ба таъхир андохта шуд. Интизор мерафт, ки имрӯз додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе хулосаҳои худро дар заминаи аризаи пардохти ҷубронпулии маънавӣ аз марги Фирдавс Раҳматов эълон мекард. Додрас Нарзулло Шараф дар мурофиаи рӯзи 26 июл дар Душанбе гуфт, ки ҳукм аз рӯи ин парванда ба...

26.07.2016 - 12:54

Интизор меравад, ки рӯзи 26 июл додгоҳи низомии горнизони шарҳи Душанбе қарори худро аз рӯи аризаи даъвогии волидони сарбози дар артиш ба ҳалокатрасида эълон кунад. Додгоҳи гарнизони Душанбе бояд мавқеашро дар робита бо талаби пардохти ҷубронпулии маънавӣ баъди марги сарбоз Фирдавс Раҳматов эълон кунад. Чанде пеш волидони сарбоз Дилором ва Ғаниҷон Раҳматовҳо аз Вазорати дифои Тоҷикистон тақозо...

25.07.2016 - 15:15

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон қазияи Хуршед Аминов, сарбози қушунҳои дохилии Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро, ки гӯё ҳамхидматҳояш ӯро водор кардаанд, шишапораҳоро хӯрад, мудҳиш хонд.  Раҳимзода имрӯз, 22-юми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, қазияро зери назорати шахсияш гирифта, барои таҳқиқи мунсифонаи он ба раёсати қушунҳои дохилӣ ва амният дастур...

22.07.2016 - 13:41

Додгоҳи низомии Душанбе як сарбоз ва ду афсари қисми низомии 02011-и Қушӯнҳои зудамали Вазорати дифоъ дар ноҳияи Раштро дар латту кӯб ва марги ҳамхизматашон Бахтиёр Қурбонмадов гунаҳкор дониста, ба зиндон маҳкум кардааст. Масъулони додгоҳ рӯзи 19 июл ба Озодӣ гуфтанд, лейтенанти калонАкмалшои Талабшо ва капитан А.Ҷонов 2-солӣ ва сержант Сайидумрон Табуров14 сол аз...

20.07.2016 - 09:44

Мақомоти интизомии Тоҷикистон се маъмури пулис дар ноҳияи Фархорро барои латту кӯби як боздоштшуда дастгир кардаанд. Сӯҳроб Саломов, муовини сардори Раёсати умури дохилии Хатлон, гуфт, ҳоло ин се маъмури пулис дар боздоштгоҳ ба сар мебаранд ва рӯзҳои наздик парвандаашон ба додгоҳ фиристода хоҳад шуд. Ӯ рӯзи 19 июл дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, чунин бархӯрди номуносиб бо сокинон обрӯи...

20.07.2016 - 09:08

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз зердастонаш талаб кард, ки аз шиканҷа пешгирӣ намуда, ҳангоми бозпурсӣ бо шаҳрвандон муоширати хуб намоянд. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ дар ҷаласаи Мушовараи ВКД оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар нимсолаи аввали соли 2016 гуфт, “ҳамкории мақомоти милитсия бо аҳолӣ боз  ҳам тақвият дода шуда, робитаи зич бо ҷомеаи...

18.07.2016 - 09:49

Ҷарроҳии ивази гурдаи Эмомиддин Холов, ҷавоне аз Рашт, ки дар хизмати артиш гурдаҳояш аз коркунӣ бозмонда буданд, муваффақона анҷом пазируфт. Директори Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон Саидмуҳаммад Исмоилзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бемор аллакай ба ҳуш омада, айни замон вазъи солимии ӯ ва модараш, ки донори писараш буд, қаноатбахш мебошад. Қаблан...

15.07.2016 - 08:38

Страницы