Генерал гуфт, даҳшат, аммо сарбоз шиша не, “болту гайка” хӯрдааст

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон қазияи Хуршед Аминов, сарбози қушунҳои дохилии Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро, ки гӯё ҳамхидматҳояш ӯро водор кардаанд, шишапораҳоро хӯрад, мудҳиш хонд. 

Раҳимзода имрӯз, 22-юми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, қазияро зери назорати шахсияш гирифта, барои таҳқиқи мунсифонаи он ба раёсати қушунҳои дохилӣ ва амният дастур додааст. Ба гуфтаи вазир феълан маълум шудааст, ки Аминов на шишапора, балки “болту гайка” хӯрдааст: “Айни ҳол таҳқиқи қазия идома дорад ва баъди анҷоми он иттилои бештар хоҳем дод”. 

Наздикони Хуршед Аминов иддао доранд, ки ӯ 14-уми июн аз ҷониби ҳамхидматҳояш мавриди латукӯб қарор гирифтааст. Дар пайи латукӯб ӯро водор кардаанд, ки шишапораҳо хӯрад ва дар натиҷа Аминов дар беморхона бистарӣ шудааст. Феълан вазъи саломатии сарбоз хуб арзёбӣ мешавад. 

Ozodagon