Созмонҳои журналистӣ хостори раҳоии наворбардори "Озодагон" шуданд

Созмонҳои журналистӣ хостори раҳоии наворбардори "Озодагон" шуданд

Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон аз вазорати умури дохилии Тоҷикистон тақозо карданд, ки наворбардори "Озодагон"-ро ба таври оҷил аз ҳабси ҳафтрӯза раҳо намояд.

Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон, НАНСМИТ, Шӯрои ВАО ва сардабирони нашрияҳои мустақили Тоҷикистон рӯзи 26-уми декабри бо нашри баёнияи муштарак, аз мақомоти вазорати корҳои дохилӣ тақозо карданд, ки оҷилан наворбардори "Озодагон"-ро аз ҳабси 7 рӯза раҳо карда ва шароитро барои мулоқоти намояндагони созмонҳои журналистӣ бо вазир Рамазон Раҳимов фароҳам намояд.

Хабарнигори "Озодӣ" мегӯяд, масъулони Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон, НАНСМИТ, Шӯрои ВАО ва сардабирони нашрияҳои мустақили Тоҷикистон ҷамъан 20 нафар, зери ин баёнияи муштарак имзо гузоштанд ва талаби оҷилан озод кардани наворбардори "Озодагон"-ро карданд.

Аз ин қабл Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба радиои «Озодӣ» гуфта буд, ки созмонҳои журналистии Тоҷикистон аз ҳодисаи боздошту латтукӯб ва ба ҳабс кашидани наворбардори хабаргузории «Озодагон» шадидан нигарон буда, бо ҳамаҷониба омӯхтани ин ҳодиса, баёнияи муштарак пахш хоҳанд кард.

Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ низ гуфт, ки воқеан сарнавишти Зайд Саидов ҳамчун соҳибкори шинохта таваҷҷӯҳи мардумро ҷалб мекард ва бояд кормандони интизомӣ тартиботро дар назди СИЗО нигоҳ медоштанд, на ин ки наворбардорро ба таври зӯрӣ боздошт кардаву сипас бо латтукӯб ба шӯъбаи милиса барда, ӯро бидуни адвокат ва айбдорӣ, 7 шабонарӯз ҳабс мекарданд.

Ба гуфтаи ҷаноби Қаршибоев, «кормандони интизомӣ дар се маврид ҳуқуқи наворбардорро нақз карданд, яъне ғайриқонунӣ бидуни ҳеҷ амали ҷиноӣ боздошт карданд, дуввум латтукӯб карда, сипас бидуни ҳеҷ ҳимояи ҳуқуқӣ 7 шабонарӯз ба ҳабс кашиданд».

Созмонҳои журналистӣ мегӯянд, ки дар изҳороти якҷоя аз Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ талаб кардаанд, кормандони милиса, ки ба ин амал даст задаанд, маълум ва ба ҷазо кашида шаванд.

7 РӮЗ ҲАБСИ НАВОРБАРДОРИ "ОЗОДАГОН"

Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории «Озодагон», ки рӯзи 25 декбар боздошт шуд, ба 7 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд. Дар бораи ба 7 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шудани Абдураҳим Шукуров ба масъулони хабаргузории "Озодагон" Хуршед Раҳмонов, муовини раиси шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, хабар дод. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки ӯро бо чӣ ҷурме чунин ҳукм додаанд.

Абдураҳим Шукуров рӯзи 25 декабр ҳангоми наворбардории издиҳоми дӯстону наздикони Зайд Саидов дар назди боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дастгир шуд. Додгоҳи олӣ рӯзи 25 декабр дар як мурофиаи пушти дарҳои баста дар дохили ин боздоштгоҳ вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва раҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кард.

Эълони ҳукми соҳибкори шинохта бо иттихози тадобири шадиди амниятӣ сурат гирифт. Маъмурони милиса аз наздикони Саидов тақозо карданд, ки пароканда шаванд. Онҳо ҳамин тавр, монеъи кори хабарнигорон шуда, онҳоро дар як қаҳвахона банд карданд ва берун рафтан намонданд. Абдураҳим Шукуров дар ҳамин асно боздошт шуд.

Ӯ дар як тамос ба ҳамкоронаш гуфтааст, маъмурони милиса дар роҳ ба сӯи шӯъбаи пулиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ вайро латтукӯб ҳам кардаанд. Ба гуфтаи ҳамкорони ӯ, Абдураҳим Шукуров аз ноҳияи чашмаш осеб дидааст.

Хилватшоҳ Хоҷаев, мудири хабаргузории «Озодагон» қаблан ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар як суҳбати телефонӣ муовини аввали вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Бузмаковро аз латтукӯб шудани наворбардори ин хабаргузорӣ Абдураҳим Шукуров аз тарафи корманди милиса дар ҷараён гузошт. Ба нақли Хилватшоҳ Хоҷаев, Абдураҳмон Бузмаков ба мақомоти шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дастур додааст, то ҳодисаи латтукӯб шудани наворбардорро таҳқиқ кунанд.

Аммо ҳукми ҳабси маъмурии наворбардор чунин аломат медиҳад, ки маъмурони милиса дар ин қазия худро ҳақбаҷониб шумурдаанд. Хабаргузории «Озодагон» хабаргузории мустақили минтақавиест, ки дар Душанбеву Бишкек марказ дорад. Таҳти ин ном дар Душанбе ҳафтаномаи мустақили «Озодагон» низ нашр мешавад.

Ozodi