Article Pages

Рӯзҳои 6-7-уми июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» барои кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинги дурӯза баргузор менамояд. Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Омӯзиш барои кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ», ки бо дастгирии молиявии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе амалӣ мегардад, ташкил карда шудааст. Дар ҷараёни...

07.07.2026 - 15:56

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Назорати прокурорӣ аз болои қонунияти боздошт ва иҷрои ҷазо аз чӣ иборат аст? ПОСУХ: Прокурор қонунияти амалҳои мақомот, шароити нигоҳдорӣ ва риояи ҳуқуқи инсонро месанҷад. Назорати риояи қатъӣ ва иҷрои якхелаи қонунҳо ҳангоми...

06.07.2026 - 15:12

Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқи дастрас» - узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба амалисозии лоиҳае оғоз намуд, ки ба таҳкими ҳимояи ҳуқуқии шаҳрвандон, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи ҳуқуқи инсон ва рушди механизмҳои пешгирии шиканҷаву муносибати бераҳмона равона шудааст. Лоиҳа дар доираи афзалиятҳои Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар...

06.07.2026 - 13:31

Ҳуқуқи қурбониёни шиканҷа ба ҷуброни зарари расонидашуда яке аз кафолатҳои асосии байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон ба шумор меравад. Мутобиқи моддаи 14-и Конвенсияи зидди шиканҷаи СММ, давлат уҳдадор аст ба зарардидагон на танҳо ҷуброни одилона ва муносиб, балки офиятбахшии ҳарчи пурратар, аз ҷумла кумакҳои тиббӣ, равонӣ, иҷтимоӣ ва дигар намудҳои ёрмандии барои барқарор сохтани ҳуқуқҳои...

03.07.2026 - 20:10

Аз 30 июн то 2 июл дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса Конгресси нуҳуми ҷаҳонӣ зидди ҷазои қатл доир гардид, ки дар кори он Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён иштирок намуд. Тавре аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конгресс дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ислоҳоти судӣ –ҳуқуқӣ, гуманизатсияи қонунгузории ҷиноятӣ пас аз боздоштани ҷазои қатл...

03.07.2026 - 14:55

Кумитаи зидди шиканҷаи СММ тадбирҳои алоҳидаеро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи гурезаҳо, паноҳҷӯён ва шахсони бешаҳрванд андешидааст, мусбат арзёбӣ намуд. Ҳамзамон Кумита тавсия дод, ки кафолатҳои риояи принсипи манъи бозгардонӣ тақвият дода шуда, татбиқи қонунгузории миллӣ ва амалияи ҳуқуқистифодабарӣ идома ёбад: https://tbinternet.ohchr.org/_layouts/15/treatybodyexternal/Download.aspx?...

02.07.2026 - 16:04

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Ҳуқуқи маҳкумшудагон ба муроҷиат бо шикояту аризаҳо чӣ гуна амалӣ мегардад? ПОСУХ: Маҳкумшудагон метавонанд ба маъмурияти муассиса, суд, прокуратура ва дигар мақомот муроҷиат намоянд. Мақомот ва шахсони ваколатдоре, ки ба онҳо...

02.07.2026 - 11:22

Кумитаи зидди шиканҷаи СММ мулоҳизаҳои ниҳоии худро пас аз баррасии гузориши даврии чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа нашр намуд. Гузориши Тоҷикистон дар ҷаласаҳои 2238 ва 2241-уми Кумита, ки рӯзҳои 14 ва 15-уми апрели соли 2026 баргузор гардиданд, баррасӣ шуд. Мулоҳизаҳои ниҳоӣ 27-уми апрели соли 2026 дар ҷаласаи 2256-уми Кумита қабул карда шуданд. Масъалаҳои...

30.06.2026 - 11:30

"ИЗҲО" - филми мустанад дар бораи шаъну шарафи инсон, оқибатҳои шиканҷа ва одамонест, ки солҳои тӯлонӣ ба ҷабрдидагон ёрӣ мерасонанд, ҳуқуқҳои инсонро ҳимоя мекунанд ва ба рушди адолат мусоидат менамоянд. Филм дар бораи фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, ки ташкилотҳои ҳимоятгари ҳуқуқ ва коршиносони мустақилро муттаҳид менамояд, қисса мекунад....

30.06.2026 - 11:12

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Нисбати маҳкумшудагон барои вайрон кардани қоидаҳои иҷрои ҷазо чӣ чораҳо андешида мешаванд? ПОСУХ: Ҷазоҳои интизомӣ, огоҳӣ, танбеҳ, маҳрум кардан аз мулоқоти кӯтоҳмуддат ё дарозмуддати навбатӣ ё суҳбати телефонӣ ба муҳлати то як моҳ...

29.06.2026 - 11:18

Страницы