СРИҶҶ айби кормандонашро дар марги маҳбус эътироф намекунад

Муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон Илҳом Маҳмудзода дирӯз, 10-уми июн, дар суд эълон дошт, ки ба талаби ҷуброни зарари маънавӣ аз ҷониби модари маҳбуси марҳум Дилшодбек Муродов барои марги фарзандаш розӣ нест.

Модари Дилшодбек Муродов - Луъбат Бурҳонова моҳи марти соли 2016 бо талаби ҷуброни зарари маънавӣ барои марги писараш, ки соли 2009 дар колонияи ислоҳотии №3/1 СРИҶҶ ВА ҶТ ба ҳалокат расид, ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ муроҷиат кард. Ӯ дар ҳаҷми 334 950 сомонӣ ҷуброн талаб дорад ва ҷавобгар СРИҶҶ Вазорати адлияи Тоҷикистон ба шумор меравад.

Ба навиштаи хабаргузории «Азия-плюс», И. Маҳмудзода дар суд гуфтааст, ки «тибқи тафтишоти пешакии прокуратураи кишвар, ягон нафар аз кормандони СРИҶҶ дар марги Дилшодбек Муродов гунаҳгор нест. Ӯ ба ҳоҷатхона даромада, афтод, бо сабаби камбуди қалбӣ аз ҳуш рафт. Мо ба ӯ ёрии аввалияи тиббӣ расонида, баъдан ӯро ба беморхонаи шаҳри Ваҳдат расонидем».

Аммо хоҳари Дилшод - Гулпарӣ мегӯяд, ки бародари ӯ ҳеҷ гоҳ аз ягон намуди беморӣ ранҷ намебурд, «ӯ ҳеҷ гоҳ ба духтур ба муроҷиат накарда буд, ҳатто ба духтури дандон».

Ба гуфтаи ӯ, «модар хабари марги писарашро на аз кормандони масъули колонияи ислоҳотӣ, балки аз модари яке аз маҳбусони ин колония фаҳмидааст».

- Баъди он, ки ҷасадро ба хона оварданд, духтурони баданро санҷида гуфтанд, ки Дилшодбек имкон надошт аз сабаби афтодан ба ҳалокат расад, дар ӯ нишонаҳои намоён ҳастанд, ки дар натиҷаи зарба ба косахонаи пушти сар фавтидааст,- изҳор доштааст хоҳари маҳбуси марҳум дар суд.

Бояд гуфт, ки Дилшодбек Гулмирзоевич Муродов барои истифодаи маводи мухаддир ба муҳлати 6 сол ҳукм гирифт ва барои адои ҳукм дар колонияи ислоҳотии №3/1 СРИҶ ВА ҶТ қарор дошт. Моҳи августи соли 2009 Д. Муродов бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ, дар ҳолати беҳушӣ ба қисми тиббии колонияи номбурда расонида шуд, ки ба ҳуш наомада, дар онҷо вафот кард.

Аз болои ин қазия Прокуратураи генералӣ бо қисми 3-и моддаи 110-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оѓоз кард. Тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ барои набудани таркиби ҷиноят 4 маротиба қатъ гардид ва баъди шикоятҳои чандинкарата аз сари нав оѓоз шуд, аммо бо сабаби муайян нагардидани шахси гунаҳгор боздошта шуд.

NoTorture.Tj