Стандартҳои Протоколи Истамбулӣ: фурсати муҳим барои муайянсозӣ ва ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа

Лоиҳа оид ба пешбурди стандартҳои Протоколи Истамбулӣ (ПИ)-и Эътилоф аз ҷониби ТҶ “Маркази ҳуқуқи инсон” (ҳамоҳангсоз Парвина Наврӯзова) ҳамоҳангсозӣ мешавад. Ҳамоҳангсози лоиҳа ҳамзамон мушовири Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилоф ба шумор меравад, ки дар масоили расонидани кӯмак тибқи шартҳои Протоколи Истамбулӣ дастгирии машваратӣ мерасонад.

Аз ҷониби аъзои Гуруҳи кории назди ВТ ва ҲИА ҶТ оид ба пешбурди стандартҳои ПИ дар якҷоягӣ бо аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ Нақшаи корӣ барои 3 сол оид ба масоили ҳуҷҷатгузорӣ ва офиятбахшии самараноки тиббӣ мувофиқи стандартҳои ПИ таҳия гардидааст, ки дар марҳилаи тасдиқшавӣ қарор дорад.

Таҳлили муқоисавии стандартҳо (меъёрҳо)-и байналмилалӣ вобаста ба истеҳсолоти ташхисҳои мустақилӣ судӣ-тиббӣ ва тартиби ворид намудани хулосаҳо ба парвандаҳои ҷиноятӣ гузаронида шуд. Дар доираи таҳлил таҷрибаи давлатҳои дигар ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарии системаи ташхиси судии ғайридавлатӣ омӯхта шуд ва тартиби таъинот ва истеҳсолоти ташхисҳо аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои муассисаҳои ташхисии ғайридавлатӣ ва мақоми баробари мутахассисон бо коршиносони давлатӣ ва ғайра баррасӣ мегардад. Инчунин, таҳлил қонунгузории миллӣ, аз ҷумла меъёрҳои Кодекси ҷиноятии мурофиавии ҶТ, Қонуни ҶТ “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ”, Қонуни ҶТ “Дар бораи ташхиси судии давлатӣ”, Қонуни ҶТ “Дар бораи тиби хусусӣ”, Кодекси тандурустии ҶТ ва дигар ҳуҷҷатҳоро фаро мегирад. Аз рӯи натиҷаҳои таҳлил ҳуҷҷат омода карда шуд, ки моҳи феврали соли 2020 рӯнамоӣ мегардад.

Таваҷҷуҳи бештар ба таҳқиқот оид ба истифодаи Протоколи тиббии шаҳодаткунонии боздоштшудагон ва натиҷаҳои баҳогузории хадамоти судӣ-тиббӣ зоҳир мегардад. 26-уми феврали соли 2019 аз ҷониби Вазорати тандурустии ҶТ дар якҷоягӣ бо ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон” бахшида ба натиҷаҳои мониторинги муассисаҳои тиббӣ вобаста ба истифодаи амалии “Протоколи тиббии шаҳодаткунонии боздоштшудагон”, ки бо фармони ВТ ва ҲИА ҶТ мувофиқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ тасдиқ гардидааст, инчунин натиҷаҳои таҳқиқот оид ба “Баҳогузории ҳолати воқеии хадамоти судӣ-тиббӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд доир карда шуд.

Бо ҳисобот аз рӯи натиҷаҳои мониторинги муассисаҳои тиббӣ дар торнамои Эътилоф (http://notorturetj.org/rehab/otchet-po-monitoringu-primeneniya-protokola-medicinskogo-osvidetelstvovaniya-zaderzhannyh-lic) шинос шудан мумкин аст.

Барои мақомоти судӣ-тафтишотӣ тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ пайваста тренингҳо баргузор карда мешаванд.

Моҳи июли соли 2019 барои кормандони мақомоти судӣ-тафтишотӣ (судяҳо, прокурорҳо, кормандони КДАМ, ВКД, АМК, АНМН) тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ тренингҳо гузаронида шуданд. Ҳамагӣ панҷ тренинг гузаронида шуд, ки дар онҳо 119 нафар, аз ҷумла 42 прокурор, 30 судя (аз онҳо 2 нафарашон зан), 2 омӯзгори Маркази таълимии Суди Олӣ, 45 корманди ВКД, Агентии мубориза бо коррупсия, АНМН (аз онҳо 2 нафарашон зан) аз Душанбе, НТМ, вилоятҳои Хатлону Суғд иштирок карданд. Тренинг ба масоили қонунгузории миллӣ дар мавриди ҳуҷҷатгузории тиббии далелҳои шиканҷа (хӯрокдиҳӣ ва табобати маҷбурӣ, тартиби гузаронидани шаҳодаткунонӣ ҳангоми интиқол ба тавқифгоҳи муваққатӣ, СИЗО ва муассисаҳои ислоҳотӣ), кодекси ахлоқ дар самтҳои мутобиқ (ахлоқи кормандони тиббӣ ва мақомоти судӣ-тафтишотӣ), нақши ташхиси судӣ-тиббӣ дар баҳогузории паёмадҳои ҷисмониву равонии истифодаи шиканҷа ва ғайра дахл дошт.

Тренинг аз ҷониби коршиносони милливу байналмиллалӣ оид ба стандартҳои Протоколи Истамбулӣ, аз ҷумла руҳшиноси ВТ ва ҲИА ҶТ, коршиноси судӣ-тиббии Вазорати мудофиа, ҳамоҳангсоз оид ба пешбурди стандартҳои ПИ, коршиноси байналмилалӣ Марям Ҷишкариани, «Табибон барои ҳуқуқи инсон» гузаронида шуд.

NoTorture.Tj