Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Суд шикояти хонаводаи Сафаралӣ Санговро, ки дар боздоштгоҳ бар асари шиканҷа ба ҳалокат расида буд, қонеъ карда, Вазорати корҳои дохилиро ба пардохти маблағи наздик ба 47 ҳазор сомонӣ зарар муваззаф кард.
Дар ин бора сомонаи расмии Созмони дифои ҳуқуқи башар дар такя ба суханони Гулчеҳра Холматова, ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида хабар додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, аризаи шикоятӣ барои ҷуброн намудани зарари моддӣ ва маънавӣ дар ҳаҷми 150 ҳазор сомонӣ аз ҷониби ҳамсари Сафаралӣ Сангов ироа шуда буд.
Суд тамоми далелҳои заруриро дида, ҳалнома баровард, ки Вазорати корҳои дохилӣ ба андозаи 46,6 ҳазор - наздик ба 10 ҳазор доллари амрикоӣ ҷуброн пардохт кунад.
Ҳимоятгар хабар додааст, ки ҳалномаи суд ба ҳукми қонун баъд аз 5-уми апрел ба иҷро медарояд, агар ҷониби дуюм аз рӯйи он даъво накунад.
Ёдрас мешавем, 5-уми марти соли 2011 сокини шаҳри Душанбе Сафаралӣ Сангов дар боздошгоҳи Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои пойтахти Тоҷикистон баъд аз 4 рӯзи боздошт ба ҳалокат расид.
Бино бар маълумоти наздиконаш, Сангов ҳангоми боздошт ва дертар дар Шӯъбаи милитсия мавриди латукӯб қарор гирифт.
Додгоҳи Душанбе Абдураҳмон Яъқубов ва Қодир Ҳасанов - ду милисаи гумонбар дар бадрафторӣ нисбат ба Сафаралӣ Санговро танҳо дар «хунукназарӣ» муҷрим шинохт, вале баъдтар бар асоси қонуни афв, аз масъулият ҳар дуро раҳо кард.
Ҳамин қазияҳо боис шуд, ки Тоҷикистон таҳти фишори созмонҳои байналмилалӣ моҳи феврали соли равон дар қонуни ҷиноияш банди махсуси «шиканҷа»-ро ҳам ворид кунад. Ин буд, ки Созмони Милали Муттаҳид аз Тоҷикистон хост, масъулони шиканҷаро афв накунад.
Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ба Тоҷикистон тавсия дод, ки муҷозоти афроди муттаҳам ба шиканҷаро шадидтар ва муҷримонро аз ҳаққи афв маҳрум кунад.
Шаҳноза Нодирова, муовини вазири адлияи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфта буд, ин дархост дар ҳоле ворид шудааст, ки соли гузашта Тоҷикистон як банди дигар (моддаи 143 прим. ё худ ташреҳи 1) ба қонуни ҷиноӣ ворид кард, ки муҷозоти шиканҷаро дар назар дорад.
Аз сӯи дигар, муовини вазири адлияи Тоҷикистон ба ин дархост, ки масъулони шиканҷа аз ҳаққи афв маҳрум шаванд, мувофиқ набуд ва гуфт, дар ҳоле ки афроди дастдошта дар ҷиноятҳои мисли куштор ба афв ҳақ доранд, оё маҳрум кардани масъулоне, ки дар шиканҷа даст доштаанд, поймол шудани ҳуқуқи онҳо нест? Ба қавли мансабдори тоҷик, дар масъалаи афв набояд ба меъёрҳои дугона роҳ дод.
Аммо нигаронии СММ ва эътилофи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон аз он буд, ки масъулони шиканҷа дар кишвар бо муҷозоти сабук аз масъулият раҳо мешаванд ва сипас, мавриди афв низ қарор мегиранд.
Сафаралӣ Сангов дар моҳи феврали соли 2011, пас аз бозгашт аз Русия, бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ба таври хушунатбор боздошт шуд.
Бино ба иттилои мақомот, Сангов гӯё даст ба худкушӣ зада, аз зинапояи дохили бинои Шӯъбаи корҳои дохилӣ худро ба поён андохтааст, ки дар натиҷа ба ҳалокат расид.