Суд ВКД-ро ба пардохти ҷубронпулӣ ба ҳамсари Сангов ӯҳдадор кард

Суд ВКД-ро ба пардохти ҷубронпулӣ ба ҳамсари Сангов ӯҳдадор кард

Суд Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ба пардохти ҷубронпулӣ ба маҳбуси фавтида, ки ба қавли наздиконаш, бар асари лату кӯб ва шиканҷа дар шӯъбаи милиса ба ҳалокат расида буд, водор кард.

Дар бораи ин ҳодисаи бесобиқа ба NoTorture.Tj ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холматова хабар дод. Хизматрасонии ин ҳимоятгар аз ҷониби Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният ройгон таъмин гардидааст.

Ба гуфтаи вай, даъвои ҷуброни моддӣ ва маънавӣ ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ аз ҷониби ҳамсари Сангов нисбат ба Вазорати корҳои дохилии ҶТ пешниҳод гардида буд.

«Суд тамоми далелҳои зарурии гирдовардаро баррасӣ намуда, дар бораи пардохти ҷуброн аз ҷониби вазорати мазкур дар ҳаҷми 46,5 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 10 ҳазор $) қарор содир кард», - афзуд Холматова.

Ҳимоятгар гуфт, қарори суд 5-уми апрел мавриди амал қарор гирифта, дар сурати то ин замон шикоят наовардан ба он аз ҷониби ҷавобгар, ВКД маблағи ҷубронро бояд бипардозад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи октябри соли 2012 ду нафар собиқ кормандони милиса, ки дар ҳодисаи марги сокини пойтахт Сафаралӣ Сангов айбдор дониста мешуданд, мавриди афв қарор гирифтанд. Нисбат ба ду тан аз собиқ кормандони фаврии ваколатдори шӯъбаи ҷустуҷӯи ҷиноятии ШВКД Сино-1-и пойтахт Абдураҳмон Яъқубов ва Қодир Ҳасанов аз ҷониби прокуратураи шаҳри Душанбе дар бораи қатъи парвандаи ҷиноятӣ бинобар сабаби истифодаи санади афв қарор содир гардид.

Ёдрас мекунем, ки мурофиаи судӣ нисбат ба собиқ кормандони фаврии ваколатдори шӯъбаи ҷустуҷӯи ҷиноятии ШВКД Сино-1-и пойтахт Абдураҳмон Яъқубов ва Қодир Ҳасанов моҳи июни соли гузашта оғоз гардида буд. Моҳи марти ҳамон сол онҳо ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир Сафаралӣ Санговро боздошт намуданд. Сафаралӣ Сангов пас аз ҳабс дар боздоштгоҳи ШВКД-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ба шӯъбаи эҳёгарии беморхона мунтақил гардида, баъди чанде ба ҳалокат расид.

Наздиконаш бар ин назаранд, ки ӯ аз латукӯби кормандони милиса ба ҳалокат расидааст, вале ҷониби дигар инро рад сохта, мегӯяд, Сангов худро аз зинапояҳо ба поин афканда, худкушӣ кардааст.

Ҳодисаи мазкур миёни аҳли ҷомеа сарусадоҳои зиёде ба бор овард. Аз ҷумла, созмони байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон Amnesty International ва Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар Тоҷикистон изҳороти муштараке пахш намуда, дар он аз ҳолатҳои марги Сангов изҳори нигаронӣ ва аз ҳукматдорон таҳқиқи мӯшикофонаи ҳодисаи мазкурро талаб карда буданд.

Дар ин радиф ҳамчунин метавон аз пардохти ҷубронпулӣ дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ (беш аз 6 ҳазор $) ба ҳамсари маҳбуси фавтида Исмоил Бачаҷонов барои аз даст додани саробон аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷазо бо шарти созиши ҷонибҳо низ ёдовар шуд. Фавтида пас аз лату кӯб дар тавқифгоҳи муваққатии Вазорати адлияи ҶТ ҳалок шуда буд.

Аз манфиатҳои ҳамсари Бачаҷонов дар суд намояндагони Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳимоя карданд. Намояндаи ҷониби ҷавобгар бо шарти пардохти қисмате аз маблағи талабшуда ба созиш омаданро пешниҳод кард, зеро онҳо ба пардохти ҳаҷми пурраи маблағи дар даъво талабшуда (655 ҳазор сомонӣ) имкон надоштаанд. Ин пешниҳодро даъвогар пазируфт.

NoTorture.Tj 

 

“ВКД аз қарори додгоҳ дар мавриди Сангов норозист”

Додгоҳи ноҳияи Сино ҳафтаи гузашта қарор баровардааст, ки Вазорати корҳои дохилӣ ба хонаводаи Сафаралӣ Сангов, як сокини Душанбе, ки аз шиканҷаи маъмурони пулис фавтида буд, ҳудуди 10 ҳазор доллари амрикоӣ ҷубронпулӣ пардохт кунад.

Тавре Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеъи хонаводаи Сафаралӣ Сангов, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, ин бори аввал дар таърихи Тоҷикистон аст, ки додгоҳ барои татбиқи шиканҷа як ниҳоди қудратиро ба пардохти ҷубронпулӣ муваззаф кардааст: “Мо аз додгоҳ 150 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ талаб карда будем. Аммо додгоҳ қарор кард, ки ВКД ба хонаводаи Сангов ҳудуди 46 ҳазор сомонӣ пардозад. Бо вуҷуд дар таърихи низоми додгоҳии кишвар ин қарор бесобиқа аст.”

Дар мавриди вокуниши ҷониби ҷавобгар Холматова афзуд, ки намояндагони ВКД дар додгоҳ аз ин қарор изҳори норозигӣ карда буданд: “Онҳо як муддати муайян доранд то аз болои ин қарори додгоҳ ба зинаи болотар шикоят баранд.”

Масъулини бахши робита бо ҷомеаи Вазорати умури дохилӣ, суолҳои “Озодагон”-ро дар мавриди ин парванда беҷавоб гузоштанд.

Сафаралӣ Сангов дар моҳи марти соли 2011 бо ҷароҳатҳои вазнин аз шӯъбаи дувуми милисаи ноҳияи Синои Душанбе ба бемористон оварда шуда буд, вале баъди 4 рӯз даргузашт. Додгоҳи Душанбе Абдураҳмон Яъқубов ва Қодир Ҳасанов – ду милисаи гумонбар дар бадрафторӣ нисбат ба Сафаралӣ Санговро танҳо дар «хунукназарӣ» муҷрим шинохт ва бар асоси қонуни афв, аз масъулият ҳардуро раҳо кард.

Парвандаи Сангов аз пурсарусадотарин қазияҳои марбут ба шиканҷаву бадрафтории мақомоти интизомии Тоҷикистон шуд ва маҳз ин қазия яке аз омилҳое гардид, ки Тоҷикистон таҳти фишори созмонҳои байналмилалӣ моҳи феврали соли 2012 дар қонуни ҷиноияш банди махсуси «шиканҷа»-ро ҳам ворид кунад.

Ozodagon

NoTorture.Tj