Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар пайи марги собиқ сарбози қисми низомии 6593-юми Вазорати адлияи Тоҷикистон, Хайём Бердиев, cобиқ аскари дигари ҳамин қисми низомӣ, - Бегов Холмаҳмад ба 9 соли зиндон маҳкум гардид.
Хайём Бердиев санаи 21-уми июни соли равон, дар қисми ҳарбии 6593, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат бо сабабҳои номаълум аз тири силоҳ ба ҳалокат расида буд. Ҷасади ӯро дар бемористони "Ёрии таъҷилӣ”-и шаҳри Душанбе ташхис кардаанд, вале дар санади маргаш танҳо исми пурраи ӯ (Бердиев Хайём Сайфиевич), санаи таваллуд (27 июли соли 1995) ва санаи марги ӯ (2 июни соли 2018) навишта шуда, чизе дар бораи сабаби маргаш гуфта нашудааст.
Ҷасади Хайём Бердиевро, ки бояд як моҳ баъд аз маргаш 23-сола мешуд, рӯзи 22 июн дар зодгоҳаш – шаҳри Панҷакент ба хок супурданд. Аммо хешовандони ин сарбоз иддао доранд, ки ӯро бо азобу шиканҷа ба ҳалокат расондаанд. Яке аз хешовандони Хайём Бердиев дар сӯҳбат гуфт, дар ҷисми ин сарбоз захми тир, захми сӯзонидан бо сигор, захм дар қафаси сина ва захм дар пои росташ мавҷуд буд. Хешону пайвандони Хайём мӯътақиданд, ки ӯ дар қисми низомӣ мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.
Аммо дар рафти мурофиаи судӣ гуфтаанд, ки он захмҳои сӯхташуда, аз ҳисоби “осколкаҳое” будаанд, ки дар натиҷаи задани тири силоҳ ба оҳан ба пойи Хайём расидаанд.
Малика - хоҳари Хайём мегӯяд, додараш моҳи апрели соли 2017 аз коммисариати ҳарбии шаҳри Панҷакент ба хизмати ҳарбӣ рафта буд. Дар хона ӯ писари калонӣ буд ва ҳанӯз чанд сол пеш падараш вафот карда будааст. Маротибаи охир Хайём Бердиев баҳори соли равон ба рухсатӣ омада, ҳамагӣ 5-6 рӯз истодаасту халос.
Вале пайвандони дигари Хайём Бердиев изҳор медоранд, ки ӯ дар замони хидматаш чанд маротиба шикоят кардааст, ки дар ин қисми низомӣ, яъне дар маҳбаси маъруф ба “Кирпичний” хидмат кардан намехоҳад ва ӯро ба ягон қисми низомии дигар гузаронанд. Вале фармондеҳони қисми низомии 6593 хоҳиши сарбозро ба инобат нагирифтаанд.
Шиканҷа ва маргу мири сарбозон дар қисмҳои низомии мамлакат ба як доғи рӯз мубаддал гардидааст. Тибқи иттилои ташкилоти Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ ва Эътилофи зиддишиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, ки аз ҳуқуқи сарбозон ва нафароне, ки шиканҷа шудаанд дифоъ мекунанд, аз соли 2014 то соли 2017 дар қисмҳои низомии гуногуни кишвар, 62 сарбоз аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҷабр дидаанд. Дар ин муддат 35 сарбоз ва 13 афсар нисбати зӯроварӣ ва шиканҷа ба дигар сарбозон ҷазоҳои гуногун гирифтаанд.
Пас аз 1 моҳи кушта шудани Хайём Бердиев, зиёда аз 300 нафар сокинони шаҳри Панҷакент дар номаи дастаҷамӣ ба Президент Эмомалӣ Раҳмон аз ӯ хоҳиш намуданд, ки барои гирифтани пеши роҳи зӯроварӣ ва бадрафторӣ дар қисмҳои низомӣ чора андешад.
Хуршед Фозилов, МТЖТ