Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Мурофиаи судии гумонбар дар қазияи марги Ҳамза Икромзода, маҳбуси муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе, ки мебоист имрӯз, 6-уми май баргузор мешуд, то 15-уми ҳамин моҳ ба таваққуф гузошта шуд.
Рустам Мирзоев, судяи Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мурофиаи судии Маҳмуд Исмоилов, корманди маҳбасро, ки шаби марги Ҳамза Икромзода навбатдор буда, дар ин қазия гумонбари ягона маҳсуб мешавад, бино ба сабаби ҳозир нашудани адвокати хонаводаи Икромзодаҳо ба 15-уми майи соли равон мононд.
Қаблан Прокуратураи генералии Тоҷикистон изҳор карда буд, ки дар қазияи мазкур се нафар, аз ҷумла, Маҳмуд Исмоилов, Назрулло Афғонов ва Шерафган Сафаров гумонбар шудаанд. Мақомоти прокуратура инро, ки барои чӣ то курсии айбдоршавандагон танҳо як нафари онҳо расидааст, - шарҳ намедиҳад.
Сентябри соли гузашта ҷасади маҳбус Ҳамза Икромзода бо осори зиёди шиканҷа ба наздикони вай супурда шуд. Наздикони Ҳамза Икромзода роҳбари муассисаи ислоҳии №1-и пойтахт Рустам Тоштемировро дар латукӯби Ҳамза Икромзода айбдор медонанд.
Масъулони маҳбасхона ин иддаоро рад карда, мегӯянд, ин осори зарфи пластикӣ бо оби гарм аст, ки барои ба кор даровардани дили маҳбус истифода шудааст.
Моҳи октябри соли ҷорӣ бо супориши президент Эмомалӣ Раҳмон тафтишоти қазияи марги Ҳамза Икромзода ба ӯҳдаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон вогузор шуда, гуфта мешуд, парвандаи мазкур таҳти назорати шахсии Шерхон Салимзода, прокурори генералӣ, қарор гирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран, Прокуратураи назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ натиҷаи ташхиси қазияи марги мармузи Ҳамза Икромзодаро эълон карда, гуфт, номбурда худкушӣ кардааст.
Ҳамза Икромзода рӯзи 20-уми сентябр, баъди муноқиша бо масъулони маҳбасхона, ба ҳуҷраи ҷаримавӣ гузаронида шуда, дар ҳамон ҷо ба ҳалокат расидааст. Пайвандони маҳбус мегӯянд, ки дар бадани Ҳамза Икромзода осори шиканҷа, аз ҷумла, изи сӯхта, ки бо дарзмоли гарм сӯзонида шуданаш аён аст, мушоҳида шудааст.
Иззатулло Шарипов, роҳбари Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабарнигорон ва наздикони марҳум гуфта буд, Рустам Тоштемиров барои ин амалаш танбеҳ гирифтааст. Қаблан Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфта буд, ки доғҳои сӯхта дар бадани Ҳамза Икромзода осори асбоби тиббии дефибриллятор аст.
Бино ба иттилои Прокуратураи генералӣ, дар соли гузашта 22 нафар аз шиканҷа шикоят карда, 10 нафар аз кормандони мақомоти интизомӣ барои истифодаи шиканҷа нисбати гумонбарон ва маҳбусон ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.