Суди Олӣ: дар шашмоҳаи аввали сол зиёда аз 73 ҳазор парванда баррасӣ шудааст

Рӯзи 7-уми августи соли 2025 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  нишасти матбуотӣ дар мавриди натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи аввали сол баргузор гардид.

Тавре зимни нишасти матбуотӣ раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода иттилоъ дод, дар шашмоҳаи якуми соли 2025 аз ҷониби судҳо дар марҳилаҳои якуми кассатсионӣ ва назоратӣ дар маҷмуъ 73 ҳазору 792 парвандаи маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ, пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрочиёни Хадамоти иҷро баррасӣ карда шудаанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 20 ҳазору 511 адад кам мебошад.

Иброз гардид, ки барои вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 630 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардида, 615 нафар ба маблағи умумии 5 миллиону 155 ҳазору 996 сомонӣ ҷарима карда шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби судҳо 7090 парванда нисбат ба вайронкунандагони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баррасӣ гардидааст. Дар натиҷа нисбат ба 5692 нафар ҷарима ба маблағи умумии 4 миллиону 222 ҳазору 771 сомонӣ таъйин гардидааст.