Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рустам Азизов, муфаттиши Додситони назоратии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 19-уми октябр ба Озодӣ гуфт, барои дурустӣ ва воқеият доштани ҳарфу далелҳое, ки Сайдалӣ Казаков баъди ба озодӣ баромаданаш ба рӯзномаву сомонаҳо дар бораи вазъи маҳбаси рақами аввал нақл кардааст, санҷиш мегузаронанд. Ин санҷиш мувофиқи дастури Додситонии кулли Тоҷикистон сурат мегирад.
Зимнан, Сайдалӣ Казаков ба радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи панҷшанбе якҷо бо вакили мудофеъи худ Гулчеҳра Холматова ба Додситонии назоратӣ ҳозир шуда, ба пурсишҳои муфаттишон посух гуфтааст.
Сокини шаҳри Душанбе Сайдалӣ Казаков, ки пас аз адои мӯҳлати ҳабс (7 солу 7 моҳ) аз маҳбаси рақами аввали пойтахт баромад, 11-уми октябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки нозирони зиндон бо истифода аз номи президент дар маҳбас фитна мекунанд ва маҳбусонро шиканҷа медиҳанд.
Сайдалӣ, ки рӯзи 8-уми октябр озод шуд, гуфт, бадрафтории нозирону кормандони маҳбас ва шиканҷаву озоре, ки онҳо нисбат ба маҳбусҳо раво мебинанду беҷазо мемонанд, ӯро маҷбур кардааст ба воситаҳои ахбори умум муроҷиат кунад ва барои ин ба идораи Радиои Озодӣ ояд.
Ҷаноби Казаков дастону сари худро нишон дода мегӯяд, ки ӯ бар асари латукӯб аз тарафи Абдулло Ҳалимов, корманди маҳбас захмӣ шудааст. Ҳалимов ҳоло муовини сардори Сарраёсати зиндонҳои Тоҷикистон шудааст. Казаков гуфт, ки дар ин латукӯб қабурғаи чапи ӯ шикаста ва дар сараш се захми зарба боқӣ мондааст.
Ба қавли ӯ, дар дохили маҳбас боз ду корманде ҳастанд, ки бо роҳҳои гуногун маҷбур мекунанд маҳбус вокуниш кунад ва бо ин баҳона ӯро ба ШИЗО ё ҳуҷраи ҷаримавӣ баранду латукӯб кунанд ва дар ивази раҳоӣ аз наздикони ӯ пул гиранд.
Рӯзноманигорон мегӯянд, ки дар ҳаёти 20 соли Тоҷикистон барои нахустин бор аст, ки як маҳбус баъди ба озодӣ баромадан ошкоро ва бо ному насаби худ бадрафториҳои дохили маҳбасро фош кардааст.
Суҳбати Сайдалӣ Казаков ва ҳарфу далелҳои ӯ барқосо дар ҳама расонаҳои мустақили Тоҷикистон интишор шуд ва акнун мавриди санҷиши Додситони назоратии назди Додситонии кулли кишвар қарор гирифтааст.