Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар тафсир шарҳи илмии Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Муаллифони Тафсир олимоне мебошанд, ки дар омода намудани қонунгузории кодификатсияшуда дар соҳаи ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ саҳм гузоштаанд.
Тафсир мутобиқан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ оид ба иҷрои ҷазо, алалхусус вобаста баҳуҷҷатгузории тиббӣ навишта шудааст.
Тафсири ба сифати воситаи амали барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судяҳо, адвокатҳо ва ба сифати воситаи таълимӣ барои донишҷўён, аспирантҳо, устодони мактабҳои олии ҳуқуқшиносӣ ва дигар ташкилотҳо тавсия мешавад.
Тафсир дар доираи лоиҳа «Баланд бардоштани маълумотноки ва савияи дониши кормандони системаи иҷрои ҷазо ва аъзоёни гуруҳи мониторингии ҷойҳои маҳруми аз озодӣ вобаста ба пешбурди ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ва дигар муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳкиркунандаи шаъну шараф” дар ҳамкорӣ бо Сараёсати иҷрои ҷазои ҷинояти Вазорати Адлияи ҶТ ва бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Финляндия, Барномаи Рушди СММ, ТҶ “Центр по правам человека” кор кард ва ба чоп расонида шудааст.