Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Кумитаи зидди шиканҷаи СММ чун дигар мақомоти шартномавии СММ шарҳҳои умумӣ нашр мекунад. Ин шарҳҳо қувваи ҳуқуқӣ надоранд, вале онҳо тафсири бонуфузи муқаррароти Конвенсияи СММ зидди шиканҷаро пешниҳод мекунанд. Онҳо уҳдадориҳои давлатҳои иштироккунандаи Конвенсияро шарҳ дода, барои риояи онҳо тавсияҳо медиҳанд. Шарҳҳои умумӣ инчунин ба рушди ҳуқуқи байналмилалии ҳуқуқи инсон тавассути таҷрибаи судӣ ва ҳалли масъалаҳои баҳсноки ҳуқуқӣ мусоидат мекунанд.
То имрӯз Кумитаи зидди шиканҷаи СММ чор Тафсири умумиро қабул кардааст, ки дар онҳо уҳдадориҳо аз рӯи моддаҳои зерини Конвенсия барои давлатҳои узв шарҳ дода мешаванд:
• Моддаи 2 - дар бораи чораҳои муассир оид ба пешгирии шиканҷа;
• Моддаи 3 - дар бораи манъи баргардонидани одамон ба кишварҳое, ки онҳо метавонанд таҳти шиканҷа қарор гиранд (принсипи бознагардонидан);
• Моддаи 14 - дар бораи ҳуқуқи қурбониён ба ҷуброни зарари ба онҳо расида ва офиятбахшӣ.
Барои ҳуқуқшиносон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ шарҳҳои умумӣ инчунин як воситаи амалии таблиғи тағйирот дар сиёсат, қонунгузорӣ ва амалияи амалисозии онҳо бо мақсади таъмини эҳтиром, ҳимоя ва иҷрои ҳуқуқҳои инсон дар ҳаёти ҳаррӯза маҳсуб меёбанд.