Таҳдид ба Давлатёр, шоҳиди марги Ҳамза Икромзода

Таҳдид ба Давлатёр, шоҳиди марги Ҳамза Икромзода

Давлатёр Қурбонов, як маҳбуси зиндони рақами аввали Душанбе, ки шоҳиди марги Ҳамза Икромзода дониста мешавад, таҳти фишор ва таҳдид қарор гирифтааст. 

Дар ин бора рӯзи 24-уми июн Амиралӣ Икромов, бародари Ҳамза Икромзода, хабар дода гуфт, чанд рӯз пеш маъмурони зиндон аз Давлатёр Қурбонов тақозо кардаанд, ки аз додани шоҳидӣ даст кашад.

Амиралӣ Икромов гуфт, “огоҳ шудем, ки маъмурон ба Давлатёр Қурбонов гуфтаанд, дар сурати саркашӣ кардан ба ҳуҷраи якнафара гузаронда мешавад. Ва аз он ҳуҷра зинда нахоҳад баромад”. 

Икромов мегӯяд, онҳо бо вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров тамос гирифтаанд, то аз ҳуқуқи Давлатёр Қурбонов ҳимоя кунанд. Худи Бузургмеҳр Ёров дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳоло мунтазири муроҷиати расмии Давлатёр Қурбонов аст, то расман ба фаъолият шурӯъ кунад. 

“Аслан ҳеч ҷои пӯшида нест, ки дар зиндонҳои мо шиканҷа вуҷуд дорад. Давоми ин солҳо боре ҳам гурӯҳе аз маҳбусинро аз Душанбе ба Хуҷанд интиқол надода буданд. Аммо баъди марги Ҳамза Икромзода якбора маъмурияти зиндонҳои Душанбе харҷи зиёд карда, гурӯҳе аз маҳбусинро фиристод. Ин далели он аст, ки воқеан Ҳамза Икромзода дар пайи шиканҷа ба ҳалокат расидааст”,-афзуд ӯ.

Ҳамза Икромзода, сокини ҷавони деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор, соли гузашта дар зиндони рақами яки Душанбе ба таври мармуз даргузашт. Мақомот мегӯянд, ӯ худкушӣ карда, вале наздикони ӯ бовар доранд, ки Икромзода дар пайи шиканҷаи маъмурони зиндон ҷон додааст.

Ozodagon