Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
15-уми ноябри соли 2024 дар шаҳри Хуҷанд чорабинӣ бо адвокатҳои маҳаллӣ дар мавзӯи “Таҳияи стратегия оид ба парвандаҳои шиканҷа: мушкилиҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо” баргузор гардид.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии "Дунёи Ҳуқуқ" дар доираи лоиҳаи «Муқобилият бо шиканҷа дар Тоҷикистон - Дастгирии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шаканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе маблағгузорӣ мешавад, ташкил гардид.
Зимни чорабинӣ роҳбари Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Холматова Г. дар мавзӯи “Таҳияи стратегия оид ба парвандаҳои шиканҷа: мушкилиҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо” суханронӣ намуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ адвокатҳо мушкилоти ҷойдоштаро, ки ҳангоми баррасии парвандаҳои марбут ба шиканҷа дучор мешаванд, баён карданд. Аз ҷумла:
- ҳаматарафа ва объективона баррасӣ нашудани арзу шикоятҳо;
- паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон;
- сари вақт баррасӣ нашудани аризаҳо аз ҷониби мақомоти болоӣ ва ирсоли онҳо ба мақомоти поёнӣ ва ғайра.
Барои истифодаи самараноки механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, иштирокчиён тавсияҳо ва пешниҳодҳои худро ироа намуданд. Чорабинӣ ба рушди ҳамкориҳои судманд миёни адвокатҳо ва муассисаҳои ҳимояи ҳуқуқ равона шуда, қадами муҳим дар роҳи пешгирии шиканҷа ва таъмини адолат арзёбӣ мегардад.