Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Дар шаҳри Бохтар тренингҳо барои прокуророни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расиданд, ки ба таҳкими малакаҳои касбӣ дар самти таҳқиқи ҳолатҳои шиканҷа ва дигар шаклҳои муносибати бераҳмона равона шуда буданд. Тренингҳои рӯзҳои 15–16 январ баргузор шуда, қисми васеи барномаи таҳкими иқтидори низоми адлия ба ҳисоб мераванд.
Омӯзиш аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо ташкил карда шуд.
Барномаи омӯзишӣ ба ҷанбаҳои амалии фаъолияти мақомоти прокуратура тамаркуз дошта, механизмҳои мурофиавии вокуниш, ҳамкории байниидоравӣ ва татбиқи меъёрҳои байналмилалӣ ва миллӣ ҳангоми таҳқиқи парвандаҳои марбут ба шиканҷаро фаро мегирифт.