Article Pages

Супоридани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, ҳатмист (22 майи соли 2016). Қонунҳое, ки андози навро муқаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, қувваи бозгашт надоранд.          

16.07.2024 - 21:33

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад.        

14.07.2024 - 17:05

Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.        

13.07.2024 - 17:00

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе санаи 21-уми майи соли 2024 аризаи даъвогии бародари марҳум Розиқов Абдуқаҳҳорро дар бораи рӯёнидани зарари маънавӣ қисман қонеъ намуда, ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро уҳдадор намуд, ки ба даъвогар 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ пардохт намояд. Даъвогар бо ҳалномаи суд розӣ нашуда, санаи 6-уми июни соли 2024 бо шикояти кассатсионӣ ба...

12.07.2024 - 18:23

Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун, дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад. Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад.  ...

12.07.2024 - 16:54

Ҳар шахс ҳуқуқ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад (22 майи соли 2016). Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад. Моликияти зеҳнӣ таҳти ҳимояи қонун аст (22 майи соли 2016).        

11.07.2024 - 09:03

Дустони гироми, хамкасбон ва шарикон! Оиди огози лоихаи нав ба Шумо маьлумот мерасонем “Пешбурди ҳуқуқи инсон ва тобеиятҳо дар маҳбасҳои Тоҷикистон бо назардошти ҷанбаҳои ҳассосияти гендерӣ: тадқиқот, муколама ва тарғибот” Маблағгузорӣ аз ҷониби: Фонди Канада барои ташаббусҳои маҳаллӣ (CFLI) Амали мекунад: Ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» Мақсади лоиҳа: пешгирии зӯроварии гендерӣ ва...

10.07.2024 - 15:37

Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад.            

10.07.2024 - 08:59

Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд. Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва сайёҳӣ тадбирҳо меандешад (22 майи соли 2016). Шаклҳои дигари ёрии тиббиро қонун муайян мекунад.      

09.07.2024 - 08:55

Страницы