Кормандони ФҶ “Ташаббуси ҳуқуқӣ” оид ба тарҳрезии стратегии ташкилот тренинг гузаштанд

Кормандони Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ” - ташкилоти шомили Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон оид ба тарҳрезии стратегӣ тренинг гузаштанд.

Чорабинӣ ба дарки беҳтари аҳамияти нақшаи дақиқ барои ноил шудан ба ҳадафҳои ташкилӣ нигаронида шуда буд.

«Нақшаи стратегӣ ба ташкилот барои дар самти дуруст ҳаракат кардан кумак мерасонад, ҳамоҳангии амали ҳамаи кормандонро таъмин менамояд, таҷрибаҳои омодагӣ ба тағйирот дар муҳити берунаро инкишоф медиҳад, барои истифодаи самараноки захираҳо ва рушди устувору дарозмуддати ташкилот мусоидат менамояд»,- хабар доданд дар ФҶ “Ташаббуси ҳуқуқӣ”.

Иштирокдорони тренинг чӣ гуна гузаштан аз рисолати муқарраргардидаву амалҳои мушаххас ва воситаҳову усулҳоеро, ки ба востиаи онҳо метавонанд стратегияҳои худро амалӣ созанду ба ҳадафҳои пешгузоштаашон бирасанд, баррасӣ карданд.

Тренинг бо дастгирии ташкилоти байналмилалии «Шарикии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон» (IPHR) дар доираи лоиҳаи «Омӯзиши саломатии равонии кормандони муассисаҳои ислоҳии кӯдаконаи Тоҷикистон ҳамчун омили коҳиши зӯроварӣ нисбати маҳбусон ва ҳамкории мусоид» гузаронида шуд.

NotortureTj