Чорабинии иттилоотии «Конститутсияи худро бидон!» (Моддаи 67) Эътилофи зидди шиканҷа оғози чорабинии иттилоотии «Конститутсияи худро бидон!»-ро эълон мекунад!

Президент пеш аз шурӯъи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад:

"Ман, ҳамчун Президент савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқ, озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам, сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам, ба халқ содиқона хидмат менамоям".

Ваколати Президент баъд аз савганд ёд кардани Президенти нав қатъ мегардад.

 

NotortureTj