Тақозои волидайни Икромзода ҷиҳати тафтиши дақиқи марги фарзандашон

Тақозои волидайни Икромзода ҷиҳати тафтиши дақиқи марги фарзандашон

Волидайни маҳбус Ҳамза Икромзода, ки 20-уми сентябри соли гузашта эҳтимол бар асари шиканҷа дар маҳбасхонаи №1-и шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид, аз Прокуратураи генералӣ тафтиши дақиқи ҳодисаи мазкурро талаб доранд. Онҳо рӯзи 3-юми январ дар ин бора ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат карданд.

Наздикони Ҳамза Икромзода мегӯянд, натиҷаи ташхис пешакӣ маълум аст, зеро коршиносон ба хулоса расидаанд, ки ӯ худро ба дор овехтааст.

«Бо ин хулоса мо комилан розӣ нестем, зеро осори захму ҷароҳат дар ҷисми Ҳамза гувоҳи онанд, ки ӯ бар асари шиканҷа ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин мо талаб дорем, ки дар суд шоҳидони истифодаи шиканҷа нисбати Ҳамза – маҳкумшудагони ба Хуҷанд фиристода низ иширок кунанд. Гунаҳкорони марги ӯ бояд ҷазои сазовор гиранд»,- изҳор кард Амир Икромзода, бародари Ҳамза.

Наздикони маҳбуси ҳалокшуда инчунин талаб доранд, ки шоҳидон такроран пурсида шуда, ташхиси мустақили судиву тиббӣ гузаронида шавад.

Ёдрас мекунем, ки натиҷаи ташхиси ҷароҳатҳо дар ҷисми маҳкумшуда Ҳамза Икромзода, ки аз ҷониби Маркази тиббии судии назди Вазорати тандурустии ҶТ гузаронида шуданд, далели истифодаи шиканҷа нисбати ӯро собит насохтанд. Коршиносон ба хулоса расиданд, ки маҳкумшуда бар асари худро ба дор овехтан фавтидааст. Наздикони Ҳ. Икромзода бо натиҷаи ташхиси мазкур қаноатманд нестанд.

Маҳкумшуда Ҳамза Икромзода рӯзи 20-уми сентябри соли равон дар муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид. Наздикони ӯ мегӯянд, ки дар ҷисми ӯ осори возеҳи латукӯб ва истифодаи шиканҷа аён буданд.

Тибқи фарзияи расмӣ, Ҳ. Икромзода дар ҳуҷраи зиндон ба дор овехташуда дарёфт гардида, кормандони муассиса кӯшиш кардаанд, ки ба ӯ ёрии тиббӣ расонанд, вале аллакай дер шуда буд.

Прокуратура оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ аз рӯи далели марги маҳкумшуда мутобиқи моддаи 322-и КҶ ҶТ (Хунукназарӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Айни замон оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дошта, сабабҳои марги Ҳ. Икромзода мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон аз ин ҳодиса изҳори нигаронӣ намуда, аз Прокуратураи генералӣ дархост кард, ки аз рӯи далели марги маҳкумшуда тафтишоти беғаразона ва мунсифона гузаронида шавад.

Asia-Plus