Талаби 10 миллион сомонӣ - хунбаҳои Ҳамза Икромзода

Файзалӣ Икромов, падари Ҳамза Икромзода, маҳбуси муассисаи ислоҳии рақами 1-и шаҳри Душанбе, ки тирамоҳи соли гузашта дар натиҷаи шиканҷа дар маҳбас ба ҳалокат расид, ба Суди Олии Тоҷикистон бо талаби ҷуброни хунбаҳои писараш муроҷиат кардааст.

Дар сӯҳбат ба TojNews Икромов гуфт: "Дар аризаи шикоятиаш ба Суди Олии кишвар вай аз масъулини маҳбаси №1, аз ҷумла, Рустам Тоштемиров, сардори собиқи ин муассиса, 10 миллион сомонӣ маблағи хунбаҳо талаб кардааст". 

Наздикони Ҳамза Икромзода дар марги вай роҳбарият ва масъулини маҳбаси №1-ро гунаҳкор медонанд. Ҳанӯз моҳи январи соли ҷорӣ онҳо бо як мактуби дастаҷамъона ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат карда буданд, ки дар он падару модари Ҳамза Икромзода аз он, ки маълумотнома дар бораи натиҷаи ташхиси сабабҳои марги фарзандашон ба онҳо дастрас нашудааст, нигаронӣ мекарданд.

Ҳамчунин дар ин мактуб онҳо навиштанд, ки “натиҷаи бо шиканҷаи зиёд ба ҳалокат расидани маҳбус баррасӣ шуда буд, ҷавоби ташхис куштор буд, аммо аз чӣ сабабе бошад, ки баъд аз яку ним моҳ ташхис тағйир ёфт. Ба мо маълум шуд, ки ду маротиба Иззатулло Шарифов ба назди эксперт даромадааст. Дар натиҷа эксперт дигар шуд”, - мегӯяд манбаъ.

Наздикони Ҳамза Икромзода дар мактуб мегуфтанд: “Баъд аз ҷинояти содиркардашуда Рустам Тоштемиров (сардори Муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе) бо ҳаммаслаконаш шоҳидони ҳамин қазия, маҳбусон Ризоев Суннатулло ва Қайсро ба маҳбасхонаи Хуҷанд бурда, зери латукӯби шадид қарор додаанд. Онҳо маҷбуран аз шоҳидӣ даст кашиданд. Бинобар ин талаб мекунем, ки шоҳидон оварда, бозпурсӣ карда шаванд ва дар мурофиаи судӣ низ иштирок намоянд”.

Ахиран, чанд нафар аз маҳбусони Хуҷанд навори видеоиро ба рӯзноманигорон фароҳам оварданд, ки дар он гуфта мешуд, бо интиқоли онҳо ба Хуҷанд мавриди бадрафторӣ ва шиканҷа қарор ёфтанд.

Дар навори видеоӣ маҳбусон аз муносибати дурушти нозирони маҳбаси Хуҷанд шикоят карда, гуфтаанд, ки "дар ин ҷо ҳеҷ гуна қонун нест ва шикояти онҳоро низ касе шунидан намехоҳад".

Ду маҳбус - шоҳидони марги Ҳамза Икромзода - Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев, барои паҳн кардани ин наворҳо дар Хуҷанд бо қарори суд муттаҳам дониста шуда, ба ҳукмашон 11-солӣ илова шуд.

Ёдрас мешавем, ки ҷасади Ҳамза Икромзода, маҳбуси 28-солаи Муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе, бо осори зиёди шиканҷа ба наздиконаш 21-уми сентябри соли 2012 супурда шуд.

Дар Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон ин иддаоро рад карда, мегӯянд, "Ҳамза Икромзода худкушӣ кардааст. Иззатулло Шарифов, раиси Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон, зимни суҳбати рӯ ба рӯ бо наздикони Ҳамза Икромзода ва хабарнигорон гуфта буд: "Ҳоло рафти тафтишот идома дорад ва тибқи қонун салоҳияти танбеҳ додани сардори маҳбасхонаро надорад".

"Аммо ин маънои онро надорад, ки Рустам Тоштемиров барои ин ҳодиса танбеҳ нагирифт ё намегирад. Бояд натиҷаи тафтишотро интизор шавем, то донем, ки омилҳои марги маҳбус дар чӣ будааст", - гуфт Иззатулло Шарифов.

Ахиран, Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар як мактубаш ба мактуби хонаводаи Ҳамза Икромзода ҷавоб гуфта, навишт, ки "ин қазия таҳти назорати президент Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт".

Ва баъдтар, Прокуратураи назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон аз хулосаи таҳқиқи ин қазия изҳорот дода буд, ки "сабаби марги Ҳамза Икромзода бинобар "хунукназарӣ"-и масъулин рух додааст".

Як масъули ин маҳбас барои хунукназарӣ ба мӯҳлати 5,5 сол аз озодӣ маҳрум шуд, аммо наздикони Ҳамза Икромзода мегӯянд, "ин нафар навбатдор буд ва марҳумро касони дигар латукӯб карда, ба қатл расондаанд".

TojNews