Талаби 241 ҳазор ҷуброн аз генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ

Талаби 241 ҳазор ҷуброн аз генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ

Наздикони Шаҳбол Мирзоев, сарбози латтукӯбшуда ва маъюби тоҷик, аз Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба раҳбарии генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ 241 ҳазор сомонӣ зарари маънавию моддӣ талаб доранд.

Дилшод Ҷӯраев, вакили мудофеи хонаводаи Мирзоевҳо, рӯзи 14 ноябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, онҳо аз Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадӣ 97 ҳазор ҷуброни зарари моддӣ ва 144 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ хостаанд.

Ҷӯраев мегӯяд, далели талаби ҷубронпулӣ аз Сарраёсат ба он хотир аст, ки фарзанди зерҳимояи ӯ аз сӯи хидматчии ин ниҳод латту кӯб гардидааст. Вакили мудофеи хонаводаи Мирзоевҳо аз он нигаронӣ намуд, ки ду бор аст, барои рӯёндани ин ҷуброн ба мақомоти суди ҳарбӣ дар Хуҷанду Душанбе шикоят мебаранд, вале аризаи даъвогии онҳо то кунун бо ҳар баҳона қабул нашудааст.

“Бори аввал ба Суди гарнизони ҳарбии шаҳри Хуҷанд ариза пешниҳод кардем. Онҳо гуфтанд, ин ба салоҳияти мо дохил намешавад, ба суди шаҳри Душанбе муроҷиат кунед, дар ҳоле ки Шаҳбол Мирзоев сокини вилояти Суғд асту ин қазия бояд дар ин суд баррасӣ мешуд. Бори дуюм ба Суди гарнизони ҳарбии Душанбе ариза навиштем, аммо ин бор низ аризаро гардонданду гуфтанд, нуқсон дорад”,- афзуд мусоҳиби мо.

Дилшод Ҷӯраев дар шарҳи ин гуфтаҳояш илова кард, аризаи даъвогии онҳо дар рӯзҳои наздик баъд аз комил кардан дубора ба Додгоҳи гарнизони пойтахт ирсол карда мешавад.

Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, соли гузашта довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе низ баъд аз таҳқиқи ин қазия эълон карда буд, “гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст.” 

Вале он замон Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия қасдан латту кӯб шудани сарбоз Шаҳбол Мирзоевро такзиб ва айбдор будани масъулини саррраёсатро дар ин қазия рад кард. Дар иттилоияи ин ниҳод омада буд, “пеш аз ҳодисаи осебгирии Мирзоев Шаҳбол дар вақти гӯштигирӣ Ғайратов ягон маротиба мавриди лату кӯб қарор надошт. Ҳолати бо теғ (лезва) буридани пойҳои Мирзоев Ш. Н. ҳам ба ҳақиқат наздикӣ надорад, танҳо баъди гирифтани осеб аз ҷониби табибон барои муайян кардани ҳискунии пойҳои ӯ бо сӯзан пай монда шудааст.”

Дар ҳар сурат, додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе парвандаи латту кӯби Шаҳболро ба баррсӣ гирифта, рӯзи 19 июни соли ҷорӣ Усмоналӣ Ғайратов гунаҳкор дониста, ӯро нуҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Инчунин, Гулрухсор Ширинова -- навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 низ дар ин қазия муҷрим шинохта шуда, бар асоси қарори додгоҳ бояд даҳ дарсади маоши яксолааш ба фоидаи давлат рӯёнда мешавад. Аммо бар асоси қонуни афви ахир, ки дар робита ба 20 солагии қаблуи Қонуни асосии Тоҷикистон бо пешниҳоди Эмомлаӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифт, ду сол аз ҳукми зиндони Ғайратов кам шуда, Ширинова аз пардохти даҳ дарсади маошаш озод гардидааст.

Ozodagon