Талаби аз 8 то 10 соли зиндон ба Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев

Талаби аз 8 то 10 соли зиндон ба Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев

Иброҳим Саидов, намояндаи додситонии Суғд, аз додраси парвандаи Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, ду маҳбуси зиндони №2-и Хуҷанд, хостааст, онҳоро аз ҳашт то даҳ соли зиндон аз озодӣ маҳрум намояд.

Оқои Саидов дар мурофиаи рӯзи 9 октбяр эълом карда, ки “мувофиқи моддаи 332 ва 346-и Кодекси ҷиноӣ Суннатулло Ризоев 10 сол ва Садриддин Тошев 8 сол аз озодӣ маҳрум шаванд”. Мақомот Ризоев ва Тошевро барои паҳн намудани ахбори бардурӯғ дар бораи шиканҷаи зиндониён муттаҳам мешуморанд. Соли гузашта ҳафт навори видео дастраси расонаҳо шуд, ки дар он бархе аз маҳбусон, аз ҷумла Суннатулло Ризоев ва Садриддин аз шиканҷа шуданашон дар зиндони Хуҷанд шикоят карда буданд.

Аммо Файзиниссо Воҳидова ва Абӯбакр Қулматов, вакилони мудофеи ин ду маҳбус, талаби айбдоркунандаи давлатиро ғайриқонунӣ дониста ва гуфтанд, нафарони таҳти ҳимояташон гуноҳе содир накардаанд. “Дар гузашти зиёда аз се моҳ дар мурофиаи судӣ муайян карда шуд, он айбҳое, ки нисбат ба ду судшаванда эълон карда шудааст, тасдиқи худро наёфтанд. Зеро судшавандаҳо дар ҷойҳои адои ҷазо қарор гирифта, ҳеч имкони паҳн кардани маълумоти бардурӯғро надоштанд”, - афзуд Воҳидова.

Ин вакилони мудофеъ мегӯянд, дар давоми баррасии парванда ягон далели бе баҳс вуҷуд надоштааст. Хонум Воҳидова дар идомаи суҳбаташ ба “Озодагон” гуфт, “дар мурофиаи судӣ бе баҳс муайян карда шуд, ки санаи 5-уми ноябри соли гузашта ҳангоми ворид шудан ба муассисаи 3/3-и шаҳри Хуҷанд, воқеан, ҳамаи маҳбусон мавриди шиканҷа қарор гирифта буданд. Ягон далели шайъӣ гирифта нашудааст ва то имрӯз ба парванда флешкорт ё телефони мобилие, ки тавассути он шиканҷаи зиндониён ба навор гирифта шудааст, вуҷуд надорад”.

Вакилони мудофеи Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев далели бегуноҳии зерҳимояҳои худро дар он мебинанд, ки онҳо ягон воситаи техникӣ ва дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ надоштанд, то иттилои бардурӯғро паҳн намоянд. Агар талаби айбдоркунандаи давлатӣ аз сӯи додрас Мустафоқулов қонеъ карда шавад, Тошев ва Ризоев аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо 12 соли дигар дар зиндони низомаш сахт адои ҷазо хоҳанд кард. Садриддин Тошеву Сунатулло Ризоев тирамоҳи соли гузашта, дар пайи марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами аввали Душанбе, ҳамроҳ бо маҳбусони дигар ба Хуҷанд интиқол ёфтанд.

Озодагон