Ташкилотҳои ҷамъиятӣ омодасозии маводҳои таҳлилӣ дар самти ҳуқуқи инсонро меомўзанд

Фонди ҷамъиятии «Нотабене» дар доираи лоиҳаи «Муттаҳидсозии кушишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба мониторинги иҷроиши уҳдадориҳои милливу байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон», ки бо дастгирии Ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Сафорати Финляндия дар Тоҷикистон амалӣ мегардад, рўзҳои 10-11-уми майи соли 2018 оид ба масоили пешбурди ҳуқуқи инсон дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ тренинги дурўза мегузаронад.

Тренинг ба масоили омодасозии ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ дар самти ҳуқуқи инсон, маводҳо барои брифингҳо, инчунин стратегияи ҳимоя дар СММ, Иттиҳоди Аврупо ва САҲА бахшида шудааст.

«Аксари ТҒД дар самти расонидани хизматрасонӣ, ба мисли кўмаки ҳуқуқӣ, дастгирии қурбониён ва ғайра кор мебаранд. Ин яке аз самтҳои хеле муҳими фаъолиятҳо ба шумор меравад. Ҳамзамон, дар сатҳи системавӣ кор кардан ва пеш бурдани қонунгузорӣ ва ислоҳот дар самти ҳуқуқи инсон низ зарур аст»,- асоснок мекунад гузаронидани чунин чорабиниҳоро директори ФҶ «Нотабене» Фавзия Назарова.

Дар тренинг намояндагони он ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, ки фаъолияташон ба ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятӣ ва пешбурди тағйироти системавӣ нигаронида шудааст, иштирок мекунанд.

NoTorture.Tj