Татбиқи Протоколи Истанбулӣ - стандарти байналмилалӣ барои ҳуҷҷатгузории муассир ва тафтиши парвандаҳои шиканҷа

Рӯзҳои 24-25-уми сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе барои кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва ҳуқуқшиносон тренинги дурӯза баргузор гардид.

Тренинг аз ҷониби коршиноси байналмилалӣ аз Гурҷистон оид ба татбиқи Протоколи Истанбулӣ - стандарти байналмилалӣ оид ба ҳуҷҷатгузории муассир ва тафтиши ҳолатҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф гузаронида шуд. Тренинг идомаи мантиқии машғулиятҳои омӯзишие ба шумор меравад, ки моҳи октябри соли 2024 барои кормандони системаи пенитенсиарӣ оид ба стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон: Қоидаҳои Нелсон Мандела ва Қоидаҳои Бангкок гузаронида шуданд.

Асосҳои Протоколи Истанбулиро омӯхтани кормандони хадамоти маҳбасҳо махсусан муҳим аст, зеро онҳо бевосита бо шахсони дар ҳабс қарордошта корбарӣ менамоянд. Донистани стандартҳои байналмилалӣ оид ба пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона на танҳо ба таъмини ҳифзи ҳуқуқи маҳбусон мусоидат мекунад, балки мавқеи касбии худи хадамотро мустаҳкам месозад. Чунин донишҳо фарҳанги таҳаммулпазирӣ нисбат ба шиканҷаро ба вуҷуд меоранд, шаффофияти фаъолияти системаи пенитенсиариро афзоиш медиҳанд ва барои пайдо шудани эътимоди ҷомеа ба институтҳои давлатӣ мусоидат мекунанд.

Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти системаи пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мегардад, ташкил карда шуд.

ТҶ "Дунёи ҳуқуқ"