Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ҳодисаи марбут ба марги маҳбус Ҳамза Икромзода дар муассисаи ислоҳотии ЯС №3/1-ро тавзеҳ дод.
Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки Ҳ.Икромзода на дар муассисаи ислоҳӣ, балки дар тавқифгоҳи тафтишотии Вазорати адлия нигаҳдорӣ мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия Баҳром Абдулҳақов хабар дод, марҳум Ҳамза Икромзода барои риоя накардани реҷа шурӯъ аз 16-уми сентябр дар ҷаримахонаи зиндон қарор дошт.
Б.Абдулҳақов зикр намуд, ки Ҳ.Икромзода дар ҷаримахона бо як маҳбуси дигар қарор дошт, вале ахирӣ аз маъмурияти муассиса дархост кардааст, ки бинобар сабаби бадқаҳриву бадхашмии Ҳ.Икромзода ӯро ба дигар ҷой интиқол диҳанд.
«Ҳодиса тахминан соатҳои 17:20 дақиқаи рӯзи 20-уми сентябр ба вуқӯъ пайваста, корманди муассиса Икромзодаро ба куртаи худ овехта дар панҷараҳои болои дар меёбад», - гуфт ӯ.
Ба қавли ӯ, дарҳол ба ҷойи ҳодиса кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, табибон, маъмурияти муассиса ва кормандони прокуратура ҳозир шудаанд. «Муддати ним соат табибон баҳри наҷоти ӯ кӯшиш ба харҷ дода, се маротиба тавассути зарбафкани барқӣ дили ӯро ба кор дароварданӣ шуданд ва осори қафаси синаи ӯ аз истифодаи он аст», - гуфт вай.
Номбурда зикр кард, ки айни замон аз рӯйи ин далел мақомоти прокуратура оид ба назорати муассисаҳои ислоҳӣ санҷиш мегузаронанд. «Пас аз дастрас шудани натиҷаҳои санҷиш, дар бораи сабаби марг ва дар ҷаримахонаи зиндон қарор доштани Икромзода маълумоти муфассал пешниҳод хоҳад гардид», - афзуд Б.Абдулҳақов.
Соли 2010 Ҳамза Икромзода ба муддати 11 соли зиндон маҳкум гардида буд. Минбаъд бо истифода аз қонуни афв мӯҳлати ҷазои ӯ то 8 сол кам гардида буд. Рӯзи 21-уми сентябр ҷасади марҳум дар зодгоҳаш, деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор ба хок супурда шуд.