Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Аз 29-уми август то 5-уми сентябри соли 2024 ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон», созмони ҳамоҳангсози фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва гурӯҳи мониторингии он дар муассисаҳои ислоҳотӣ як қатор чорабиниҳои иттилоотӣ доир намуд.
Чорабиниҳои иттилоотӣ дар муассисаҳои ислоҳотии зерин гузаронида шуданд: муассисаи ислоҳотии низомаш пурзӯри ЯС ¾, ш. Душанбе; муассисаи ислоҳотии низомаш пурзӯри ЯС 3/1, ш. Ваҳдат; муассисаи ислоҳотии низомаш пурзӯри ЯС 3/2, ш. Ваҳдат; муассисаи ислоҳотии низомаш пурзӯри ЯС 3/3, ш. Хуҷанд; муассисаи ислоҳотии низомаш пурзӯри ЯС 3/5, ш. Хуҷанд; муассисаи ислоҳотии низомаш умумии ЯС 3/6, н. Ёвон; муассисаи ислоҳотии ЯС 3/7 барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ш. Душанбе ва муассисаи ислоҳотии низомаш умумӣ/пурзӯри ЯС 3/8, ш. Норак.
Чорабиниҳои иттилоотӣ ба мавзуҳои гуногун бахшида шуданд: мақоми ҳуқуқии маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳотӣ; ҳуқуқи маҳкумшудагон ба дастрасӣ ба ёрии тиббӣ; ҳуқуқ, кафолат ва уҳдадориҳои кормандони системаи адолати судии ҷиноятӣ. Ин мавзуҳо дар асоси стандартҳои байналмилалӣ, аз қабили Қоидаҳои ҳадди ақали муносибат бо маҳбусон, Қоидаҳои Бангкок дар бораи муносибат бо занони маҳкумшуда, Қоидаҳои Пекин, Қоидаҳои Нелсон Мандела ва инчунин бо назардошти хусусиятҳои нигоҳдории маҳбусони гирифтори ВНМО таҳия гардидаанд.
Чорабиниҳои мазкур дар доираи Стратегия оид ба ислоҳоти низоми ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария дар Тоҷикистон (SDC) ва Фонди демократияи СММ (ЮНДЕФ) гузаронида шуданд.