Тоҷикистон масъалаи эътироф намудани салоҳиятҳои Кумитаи зидди шиканҷаро меомўзад

Ҳукумати Тоҷикистон 24-уми январи соли 2019 Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022-ро қабул кард. Нақшаи миллӣ аз 22 банд иборат аст: тафтиши ҳолатҳои шиканҷа, ҷазо барои истифодаи шиканҷа, пурзўр намудани фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, кафолатҳои асосии ҳуқуқӣ, дастрасӣ ба адвокати мустақил, санҷиши ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, шароити нигоҳдорӣ дар ҳабс, механизми мустақили қабул ва баррасии шикоятҳо аз шиканҷа, таъмин намудани ҷубронпуливу офиятбахшӣ ва ғайра.

Нақшаи миллӣ гузаронидани 80 чорабиниро дар самти амалигардонии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ оид ба масоили роҳ надодан ба шиканҷа пешбинӣ намудааст. Ба амалисозии Нақшаи миллӣ доираи васеи мақомоти давлатӣ, судҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Институти Омбудсмен ҷалб карда шудаанд.

Инак, банди №21-и Нақшаи миллӣ: «Эътирофи салоҳиятҳои Кумитаи зидди шиканҷа аз рўйи моддаҳои 21 ва 22-и Эъломия».

Оид ба ин банд чорабиниҳои зерин амалӣ гардидаанд:

- Баррасии масъалаи пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ, пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо.

- Омўзиши масъалаи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидани салоҳиятҳои Кумитаи зидди шиканҷа.

Матлаби мазкур бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн қайд мегардад, бахшида шудааст.

Шиканҷа монанд ба вируси даҳшатнок аст ва танҳо як ваксина муқобили он вуҷуд дорад - ошкорсозӣ.

 Матлаби мазкур бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн қайд мегардад, бахшида шудааст.

Шиканҷа монанд ба вируси даҳшатнок аст ва танҳо як ваксина муқобили он вуҷуд дорад - ошкорсозӣ.

Гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амалҳои пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ", бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ амалӣ карда шудааст.  

NoTorture.Tj