Article Pages

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар доираи маъракаи соли 2024 «Ҳуқуқи мо, ояндаи мо, ҳозир», ки аз ҷониби СММ ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон эълон шудааст ва ҳамасола 10-уми декабр таҷлил мегардад, аксияи 30-рӯза баргузор намуд. Машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ: Бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии ҷомеа оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ дар самти...

13.12.2024 - 09:57

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Чӣ тавр сабти видеоиро аз телефон дар бораи истифодаи қувваи ҷисмонӣ аз ҷониби кормандони милитсия истифода бояд бурд, то он ҳамчун далел эътироф шавад? ПОСУХ: Барои он ки сабти видеоӣ аз телефон дар суд ҳамчун далел эътироф шавад, боварӣ...

12.12.2024 - 11:33

11-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба аҳолӣ кумаки ройгони ҳуқуқӣ расонида, бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ, Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ва 40-солагии қабули Конвенсияи зидди шиканҷа дар мавзӯи ҳуқуқи инсон викторина доир намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 28-уми декабри соли 2023 «Дар...

11.12.2024 - 09:28

Имрӯз мо бо ҳақиқати сахт рӯ ба рӯ мешавем: ҳуқуқи инсон зери хатар аст. Дар ин бора дар муроҷиати Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон гуфта шудааст. Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамасола дар тамоми ҷаҳон рӯзи 10-уми декабр таҷлил мешавад. Он ба санаи қабули яке аз муҳимтарин уҳдадориҳои ҷаҳонӣ - Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон бахшида шудааст. Имсол ин рӯз таҳти шиори “Ҳуқуқи...

10.12.2024 - 12:00

Рӯзи ҳуқуқи инсон ва Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон Ҳамасола 10-уми декабр дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҳуқуқи инсон таҷлил мегардад. Он ба санаи қабули яке аз муҳимтарин уҳдадориҳои глобалӣ дар ҷаҳон - Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон бахшида шудааст. Дар ин санади таърихӣ ҳуқуқҳои ҷудонашавандаи ҳар як шахс, новобаста аз нажод, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин, эътиқоди сиёсӣ ё дигар эътиқод, баромади...

10.12.2024 - 11:47

Ҳуқуқҳои мо, ояндаи мо, худи ҳозир. Дар бораи ҳуқуқҳои мо, ояндаи мо. Худи ҳозир. Ҳуқуқҳои инсон ба одамон ва ҷомеаҳо қувват мебахшанд, ба онҳо имкон медиҳанд, ки ояндаи беҳтарро бунёд кунанд. Эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва боварӣ ба неруи тавонои он ҳамчун роҳи бунёди ҷаҳоне, ки мехоҳем дар он зиндагӣ кунем, ба мо кумак мерасонад, то онро боз ҳам осоишта, баробарҳуқуқ ва устувортар намоем....

10.12.2024 - 11:45

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аҳли ҷомеаи кишварро ба муносибати Рўзи байналмилалии ҳуқуқи инсон табрик мегўяд! 10-уми декабри соли 1948 Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро қабул кард, ки он ҳуқуқҳои асосӣ ва озодии инсонро дар тамоми рўи ҷаҳон дар бар мегирад. Аз он замон дар тамоми ҷаҳон аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ 10-уми декабр...

10.12.2024 - 09:01

10-уми декабри соли 1984 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ (қатъномаи A/RES/39/46) Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо қабул карда шуд, ки 26-уми июни соли 1987, баъди тасдиқ гардидан аз тарафи 20 давлат ба қувваи қонунӣ даромад. Соли 1997 Ассамблеяи Генералии СММ оид ба қайд кардани рӯзи 26-уми июн дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи...

10.12.2024 - 09:00

9-уми декабри соли 2024, аз соати 16:00 то 18:00 дар платформаи Jitsi Meet вебинари “Ҳуқуқи инсон: Нигоҳи ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон баргузор гардид. Дар чорабинӣ зиёда аз 15 нафар ҷавонон ширкат варзиданд. Чорабинии мазкур аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқи дастрас» («Доступное право»), ки узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад, ташкил карда...

09.12.2024 - 10:52

Имсол аз тасвиби Конвенсияи зидди шиканҷаи СММ, муҳимтарин санаде, ки манъи бечунучарои шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро тасдиқ кардааст, 40 сол пур мешавад. Ин санади байналмилалӣ асоси ҳифзи шаъну шарафи инсон гардида, ёдоварӣ мекунад, ки таҳқиру зӯроварӣ дар ҳеҷ ҳолат қобили қабул нест. Конвенсия дар пешбурди принсипҳои инсондӯстӣ ва адолат нақши калидӣ бозида, рамзи ҳамбастагии ҷаҳонӣ дар...

07.12.2024 - 17:30

Страницы