Article Pages

12-уми марти соли 2025 соати 10:00-и субҳ се нафар кормандони ШВКД дар ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе бо дастгирии ҳамкасбонашон аз Кӯлоб дар маркази савдои “Ғайрат”-и шаҳри Кӯлоб Сафархон Ҳасановро боздошт карданд. Боздошт бидуни фаҳмонидани сабаб сурат гирифт. Баъди нигоҳдории на он қадар зиёд дар ШВКД дар шаҳри Кӯлоб мардро бо автомобили тамғаи BMW ба Душанбе оварданд. Маълумоти пурра дар...

18.07.2025 - 12:10

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Соҳибкори инфиродӣ (СИ) кадом намуди андозҳоро месупорад? ПОСУХ: Мувофиқи боби 3, моддаи 14, банди 7 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соҳибкори инфиродӣ - шахси воқеие, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ дар асоси...

18.07.2025 - 12:10

Дар вилояти Хатлон мурофиаи судии парвандаи ҷиноятӣ нисбати корманди собиқи ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ Маҳмадулло Идиев, ки дар марги Толибҷон Дӯстови боздоштшуда дар соли 2017 даст дошт, ба поён расид. Суд Идиев М.-ро бо моддаи 316 қисми 3 (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, ки боиси оқибати вазнин гардидааст) гунаҳкор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 1400 (як ҳазору чорсад)...

17.07.2025 - 12:48

Аз 1-уми июни соли 2025 дар Тоҷикистон лоиҳаи «Пешгирии зӯроварии гендерӣ ва табъиз нисбат ба духтарон ва занони дарканормонда» амалӣ мешавад. Он аз ҷониби Фонди ҷамъиятии “Солимии ҷамъиятӣ ва ҳуқуқи инсон” бо дастгирии Фонди ҳадафноки СММ оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбати занон (UN Trust Fund to End Violence against Women) амалӣ карда мешавад. Лоиҳа тамоми минтақаҳои кишвар - Душанбе,...

17.07.2025 - 12:10

Дӯстон, шарикон ва ҳамкорони азиз! Мо бо хушнудӣ аз оғози лоиҳаи «Мусоидат ба риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон тавассути баланд бардоштани иқтидори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалишавии ёрии ҳуқуқӣ ба гурӯҳҳои осебпазир дар боздоштгоҳҳо» хабар медиҳем. Лоиҳа аз ҷониби Фонди Канада оид ба ташаббусҳои маҳаллӣ (CFLI) маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби ТҶ «Дунёи...

17.07.2025 - 12:10

Ин чат-бот як қисми лоиҳаи «Пешгирии зӯроварии гендерӣ ва табъиз нисбати духтарон ва занони дарканормонда» мебошад, ки аз ҷониби Фонди «Солимии ҷамъиятӣ ва ҳуқуқи инсон» бо дастгирии Фонди ҳадафноки СММ (UN Trust Fund to End Violence against Women) амалӣ карда мешавад. Лоиҳа ба занон ва духтароне, ки зӯроварии ҷисмонӣ, равонӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодиро аз сар мегузаронанд, кумак мерасонад. Ин...

16.07.2025 - 13:16

Дар моҳҳои июл-августи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такмили салоҳияти касбии кормандони муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон чор тренинги серӯза ташкил менамоянд. Чорабиниҳои мазкур дар доираи татбиқи Стратегияи ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии...

14.07.2025 - 22:40

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Кадом андозҳоро ман бояд супорам, агар барои худ кор кунам?  ПОСУХ: Дар Кодекси андози Тоҷикистон мафҳуми “худшуғлварзӣ” муайян нашудааст, аз ин рӯ, ҳама гуна фаъолияти шахси воқеӣ соҳибкорӣ маҳсуб меёбад ва сабти номро ҳамчун...

14.07.2025 - 12:10

Рӯзи 11-уми июл дар шаҳри Хуҷанд ва 15-уми июл дар шаҳри Душанбе ТҶ “Маркази ҳуқуқи инсон” ва ФҶ “Ташаббуси ҳуқуқӣ” мизҳои мудаввар оид ба масъалаҳои афзалиятнок ва ҳамкориҳои амалӣ дар самти ислоҳоти системаи пенитенсиарии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро баргузор мекунанд. Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳои мазкур баррасӣ ва омода намудани пешниҳоду тавсияҳои намояндагони ҷомеаи...

10.07.2025 - 12:10

9-уми июл рӯзи дуюми тренинг дар мавзӯи «Офиятбахшӣ ва мутобиқшавии иҷтимоии ноболиғон ҳангоми адои ҷазо ва пас аз озодшавӣ аз ҷойҳои маҳдудият ва маҳрумият аз озодӣ» дар меҳмонхонаи «Атлас»-и шаҳри Душанбе бомуваффақият анҷом ёфт, ки барои кормандони иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин котибони масъули шуъбаҳои ҳуқуқи кўдакони мақомоти иҷроияи...

10.07.2025 - 12:10

Страницы