Тренинг барои равоншиносон оид ба масоили офиятбахшии қурбониёни шиканҷа

Рӯзҳои 15-17-уми апрел дар шаҳри Душанбе оид ба офиятбахшӣ ва ҷуброни зарари қурбониёни шиканҷа ва пайвандони онҳо тренинги серӯза доир мегардад.

Чорабиниро созмони ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» дар доираи фаъолиятҳо оид ба офиятбахшии нафарони аз шиканҷа зарардида ё аъзои оилаи онҳо, ки аз ҷониби «Институти Ҷомеаи Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблаѓгузорӣ мешавад, баргузор менамояд.

Тренинг дар толори меҳмонхонаи «Гулистон тур» (кӯчаи Бухоро, 78) баргузор гардида, иштирокчиёни он равоншиносони кафедраҳои равоншиносии муассисаҳои олии таълимии кишвар (вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе), инчунин равоншиносони таҷрибаомӯз хоҳанд буд.

Мақсади асосии тренинг баланд бардоштани касбияти равоншиносон дар мавриди офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо, ҳамчунин ошноӣ бо роҳу усулҳои маълум кардани зарарҳои маънавии қурбониёни шиканҷаву гузаронидани ташхисҳои равоншиносӣ маҳсуб меёбад.

Ба ҳайси коршинос таҳлилгари байналмилалӣ оид ба муайянсозии зарари маънавӣ Лилит Геворкян (Арманистон, Ереван) ва коршиноси миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи равоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нафисахон Юнусова иштирок хоҳанд кард.

Созмони ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» яке аз ташкилотҳои узви Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон мебошад, ки 12 ташкилот ва 5 нафар шахсиятро муттаҳид кардааст. Фаъолияти Эътилоф ба ҷалби васеъи институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои роҳандозии чорабиниҳо баҳри мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон равона гардидааст.

Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Эътилоф расонидани офиятбахшии фарогир ба нафаронест, ки аз шиканҷа зарар дидаанд. Ба ин кӯмакҳои тиббӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ дохил мешаванд. Барои амалӣ намудани чунин фаъолият дар назди Эътилоф гуруҳи офиятбахшӣ таъсис дода шудааст, ки ба қурбониён вобаста ба ниёзҳояшон кӯмак мерасонад.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонед ба директори созмони ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» Гулчеҳра Раҳмонова муроҷиат намоед: телефон (+992 93) 578 20 90, gulchehra.rakhmanova@gmail.com

NoTorture.Tj