Тренинг дар мавзуи ҳимояи кӯдакон дар истеҳсолоти судии ҷиноятӣ

Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи ҶТ ва Созмони байналмилалии Terre des hommes рӯзҳои 8-9-уми ноябр барои кормандони муассисаи давлатии «Маркази кӯмаки ҳуқуқӣ» ва ҳуқуқшиносони идораи ҳуқуқии давлатии шаҳри Душанбе, инчунин ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон тренинг гузарониданд.

Мавзуи тренинг ба тавонмандиҳои ҳуқуқиву равонии ҳимояи кӯдак, аз ҷумла кӯдакони қурбонӣ ва шоҳидони ҷиноят дар истеҳсолоти судии ҷиноятӣ бахшида шуда буд. Яке аз қисмҳои тренинг вобаста ба масоили озодии кӯдакон аз шиканҷаву муносибати бераҳмона ва механизмҳои милливу байналмилалии ҳимоя буд.

Тренинг дар доираи амалисозии Барномаи миллӣ оид ба ислоҳоти системаи адолати судӣ вобаста ба кӯдакон барои солҳои 2017-2021, ки аз ҷониби Ҳукумати ҶТ тасдиқ гардидааст, гузаронида шуд. Барномаи миллӣ амалисозии тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак ва Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ба Тоҷикистонро дар бар мегирад.

NoTorture.Tj