Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рӯзҳои 23-24-уми сентябри соли 2025 дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе барои кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинги дурӯзаи омӯзишӣ дар мавзуи «Муносибати равониву иҷтимоӣ дар кор бо маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон, инчунин стандартҳои байналмилалӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ тренерҳо Алиҷонова Мутриба ва Очилбоев Мадамин - ҳуқуқшиносони Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ», инчунин равоншинос ва устоди кафедраи равоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мадина Шарипова баромад карданд.
Дар доираи тренинг сатҳи огоҳии мутахассисони системаи пенитенсиарӣ оид ба ниёзҳои хоси занон ва кӯдаконе, ки баъди озодшавӣ аз маҳбас бо мушкилоти мутобиқшавӣ дучор мегарданд, инчунин дар мавриди арзёбии хатарҳову эҳтиёҷот боло бурда шуд. Иштирокдорон малакаҳои истифодаи ин усулҳоро дар таҷрибаи касбии худ рушд доданд. Онҳо инчунин бо стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки дар системаи пенитенсиарӣ татбиқ мешаванд, ошно шуданд. Чорабинӣ ба мутахассисоне, ки дар ин соҳа кор мекунанд, имконият дод, то мубодилаи дониш ва таҷрибаи амалӣ намоянд.
Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Таҳкими тавонмандии ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешбурди ҳуқуқи маҳбусон дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Фонди демократияи СММ (ЮНДЕФ) маблағгузорӣ шуда, аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» ва Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» амалӣ карда мешавад, баргузор гардид.