Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
ТҶ «Дунёи ҳуқуқ» оид ба татбиқи стандартҳои байналмилалии гузаронидани пурсишҳои тафтишотӣ (принсипҳои Мендес ва модели P.E.A.C.E) дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва кормандони милитсияи шаҳри Душанбе тренинг баргузор намуд.
"Усули P.E.A.C.E усули прогрессивии гузаронидани пурсишҳои тафтишотиро ифода мекунад. Бо фарқ аз усулҳои кӯҳнашуда дар асоси фишори равонӣ ва ҳатто қувваи ҷисмонӣ, P.E.A.C.E. роҳи бештар инсондӯстона ва самараноки дарёфти иттилооти боэътимодро пешниҳод мекунад. Он дар Британияи Кабир таҳия шудааст ва ҳоло P.E.A.C.E. барои бисёре аз бахшҳои пулис дар саросари ҷаҳон меъёр шуда истодааст”,- гуфт зимни суханронии ифтитоҳии худ Кэтрин Смиттон, сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон.
Чорабинӣ дар доираи лоиҳаҳои «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад ва «Пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон тавассути ташаббусҳои пешгирии шиканҷа», ки аз тарафи Рушди Байналмилалии Британияи Кабир, аз ҷониби Ҳукумати Британияи Кабир маблағгузорӣ мешавад, ташкил карда шуд. Барномаҳо аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Дунёи ҳуқуқ” дар ҳамкорӣ бо Фонди Ҳолланди «Perspectivity Challenge», European Union in Tajikistan, UK in Tajikistan амалӣ карда мешаванд.