Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
23-юми майи соли 2025, дар арафаи Рӯзи ҷавонон узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқи дастрас» («Доступное право») дар платформаи Jitsi.meet тренинги онлайнӣ гузаронд.
Мавзӯи чорабинӣ «Мафҳум ва моҳияти озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ» буд.
Дар чорабинии омӯзишӣ зиёда аз 20 нафар ҷавонон иштирок намуданд. Ба иштирокдорон муқаррароти асосии Конвенсияи СММ зидди шиканҷа, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, инчунин меъёрҳои қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шуд.
Таваҷҷуҳи махсус ба таърифи ҳуқуқии мафҳуми «шиканҷа», фарқи он аз дигар шаклҳои муносибати бераҳмона ва аломатҳои ҷинояти дар моддаи 143, эзоҳи 1 (Шиканҷа)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ овардашуда ва фарқияти стандартҳои байналмилалаву миллӣ зоҳир карда шуд.
Тренинг бо мубоҳисаи фаъолона анҷом ёфт, ки дар рафти он иштирокчиён ба саволҳои ҳуқуқии худ посух гирифтанд.