Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ барои кормандони системаи пенитенсиарии кишвар тренингҳои навбатиро гузаронид.
Ин навбат тренингҳо аз силсилаи «Хусусиятҳои нигоҳдорӣ ва дастгирии равонии маҳбусон тибқи стандартҳои милливу байналмилалӣ (Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи зидди шиканҷа, Қоидаҳои Мандела, Қоидаҳои Пекинӣ, Қоидаҳои Бангкокӣ, Протоколи Истамбулӣ) 18-19-уми май дар шаҳри Бохтар ва 21-22-юми май дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд. Иштирокдорони ҳар як чорабинӣ 25-нафарӣ - кормандони тиббӣ, роҳбарони гуруҳҳо, кормандони фавриву ҳарбӣ, кормандони омӯзанда ва равоншиносон буданд.
Баромадкунандагон оид ба Стратегияи ислоҳоти системаи пенитенсиарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030, дар бораи уҳдадориҳои байналмилалии кишварҳо (ҳуҷҷатҳои байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда ва тавсияҳои асосии оҷонсиҳои СММ) сухан гуфта, меъёрҳои байналмилалӣ ва уҳдадориҳои давлатҳо, инчунин Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазоро шарҳ доданд.
Тренинги нахустин аз ин силсила, ки аз ҷониби сафорати ИМА дар ҶТ дастгирӣ ёфт, аввали моҳи март доир гардид. Тренинги дуюм 30-31-уми март дар ҳудуди колонияи занона дар Норак, тренинги сеюм 9-10-уми апрел дар шаҳри Хуҷанд, тренинги чорум 13-14-уми апрел дар шаҳри Бохтар баргузор гардид.