Умедҷон Тоҷиев ба беморхона интиқол ёфт

Умедҷон Тоҷиев ба беморхона интиқол ёфт

Умедҷон Тоҷиев, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар Исфара ба гумони ташкили иттиҳодияи ҷиноӣ боздошт шуда, то ҳол дар СИЗО-и Хуҷанд нигоҳдорӣ мешуд, ба беморхонаи маҳбаси рақами 19-и шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуд.

Дар ин бора ба TojNews Юсуф Дониёров, вакили дифоъи Умедҷон Тоҷиев иттилоъ дод.

Бино ба гуфтаи вакили дифоъ, аз сабабе ки вазъи саломатии Умедҷон Тоҷиев хеле бад шуд, ӯро ду рӯз пештар ба беморхона (госпитал)-и маҳбаси рақами 19-и шаҳри Хуҷанд, ки барои маҳбусони низомашон пурзӯр пешбинӣ шудааст, интиқол доданд.

Қаблан натиҷаи як ташхиси тиббӣ маълум карда буд, ки як пойи Умедҷон Тоҷиев аз кор мондааст. Гуфта мешавад, Умедҷон Тоҷиев дар ШКД-и Исфара мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор гирифтааст. 

Соҳира Тоҷиева, ҳамсари Умедҷон Тоҷиев дар суҳбат бо TojNews гуфта буд, ки бо шавҳарашро вохӯрдааст.

- Бо шавҳарам Умедҷон Тоҷиев дар СИЗО-и шаҳри Хуҷанд вохӯрдам. Аҳволашон бисёр вазнин аст. Тамоман шиштан наметавонанд. Духтур ташхис гузаронида, гуфтааст, ки як пояшон аз зону поёнаш кор накарда истодааст. Аммо ҳоло ҳам он касро дар СИЗО нигоҳ медоранд, ба духтур нагузаронидаанд. Он кас ба табобат ниёз доранд, - мегӯяд Соҳира Тоҷиева. - Духтур гуфтааст, сутунмӯҳраи ҳамсарам сахт зарб хӯрдааст ва шояд дигар умуман мустақилона роҳ гашта натавонанд. Он касро бо носилка - занбари равон ба назди ман оварданд, тамоман шишта наметавонанд.

Дар ҳамин ҳол, эҳтимол меравад нисбати шиканҷакардагони Тоҷиев дар Хуҷанд парвандаи ҷиноӣ оғоз шавад.
18-уми декабр Амон Рофиев, муовини прокурори вилояти Суғд қарори Прокуратураи шаҳри Исфараро, ки дар он гуфта мешуд, Умедҷон Тоҷиев, узви ҲНИТ шиканҷа нашудааст ва дархости вакили дифоъи ӯ дар бораи ба ҷавобгарии кормандони милиса беасос аст, бекор кард.

Парвандаи Умедҷон Тоҷиев айни ҳол дар Суди ноҳияи Исфара қарор дошта, суд парвандаи ӯро тафтиш карда истодааст.

TojNews