Умрия Латипова: шояд бародари маро шиканҷа карданд

Сокини Кўлоб Умрия Латипова ба Эътилофи зидди шиканҷа бо хоҳиши кўмак расонидан ба бародараш Файзалӣ Латипов вобаста ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаи эҳтимолӣ дар боздоштгоҳ муроҷиат кард. Дар ин бора адвокат Абдураҳмон Шарипов, ки аз ҷониби ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» таъмин карда шудааст, иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи Умрия Латипова, бародари 25-солааш Файзалӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия буд ва бо маблағи аз меҳнаташ ба даст оварда волидонашро таъмин мекард. «Бо дархости кормандони милитсияи РВКД-и минтақаи Кўлоб Файзалӣ барои нишондод додан оид ба парвандае, ки дар он ба иштирок дар гуруҳи террористӣ дар ҳудуди Сурия ва ташкили ҷангҳои ғайриқонунии зиддиҳукуматӣ гумонбар дониста мешуд, ба Тоҷикистон даъват карда шуд»,- гуфт ў.

Ҳамзамон, кормандони милитсия таҳдид кардаанд, ки агар Латипов дар РВКД-и минтақаи Кўлоб ҳозир нашавад, нисбаташ ҷустуҷў эълон карда, ўро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашанд. Онҳо ваъда додаанд, ки баъди посух дарёфт кардан ба суолҳояшон ўро раҳо менамоянд. «Ба кормандони милитсия бовар карда, рўзи 25-уми ҳамин сол бародари ман аз Москва ба Кўлоб парвоз кард. Аз фурудгоҳи маҳаллӣ ҳамроҳ бо модарам, ки ўро пешвоз мегирифт, ҳамон замон ба бинои РВКД-и минтақаи Кўлоб рафт»,- мегўяд Умрия Латипова.

Ба гуфтаи адвокат Абдураҳмон Шарипов, худи ҳамон рўз, тахминан соати 10:00 Файзалӣ Латиповро боздошт карда, бо нақзи банди 11-и Дастурамал «Дар бораи боздошт» дар утоқҳои хизматии бинои РВКД-и минтақаи Кўлоб нигоҳ дошта, бо гузашти як шабонарўз ба ШВКД-и ноҳияи Фархори вилояти Хатлон месупоранд. «Ба хешовандон асосҳои боздошти Файзалиро намефаҳмонанд, ки сабаби пайдо шудани гумонҳо оид ба шиканҷаи эҳтимолӣ нисбати ў гардидааст»,- зикр намуд адвокат.

Адвокат инчунин илова намуд, ки дар ин маврид ба Прокуратураи генералии ҶТ ариза пешниҳод карда шудааст. Дар он дархост карда шудааст, ки далели нақзи қонун ҳангоми боздошти Латипов ва далели имконпазирии истифодаи шиканҷа санҷида шавад.

«Зерҳимояи ман дар суд оид ба далели истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати ў бо мақсади ба даст овардани худиқрорӣ эълон дошт, яъне ў барои худ ҳукм кардааст. Исботи далели мазкур маълумотномаи тиббии духтури асаби Беморхонаи клиникавии ноҳиявии шаҳри Кўлоб аст, ки дар он ташхиси «бемории неврологӣ дар шакли депрессия, шизофрения» гузошта шудааст,- гуфт Абдураҳмон Шарипов.

Ба гуфтаи ў, ҳамаи аризаҳо оид ба далелҳои истифодаи эҳтимолии шиканҷа аз Прокуратураи генералӣ ба Прокуратураи вилояти Хатлон, сипас ба муовини прокурори вилояти Хатлон дар минтақаи Кўлоб барои баррасӣ равона карда шудаанд. «Аммо баъдтар ҳамаи аризаҳо аз мақомоти прокуратура барои баррасӣ ба суд ирсол гардиданд»,- мегўяд Абдураҳмон Шарипов.

Дар мурофиаи судие, ки рўзи 23-юми майи соли 2018 баргузор гардид, суд дархости адвокат Шарипов А.-ро дар бораи таъини санҷиши прокурорӣ оид ба далели истифодаи имконпазири шиканҷа қонеъ кард. Аз ҷониби Суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кўлоб гузаронидани санҷиши прокурорӣ аз тарафи Прокуратураи генералии ҶТ оид ба далели истифодаи имконпазири шиканҷа нисбати судшаванда Ф. Латипов таъин карда шуд.

NoTorture.Tj