Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Усмоналӣ Ғайратов, муттаҳами асосӣ дар бадрафторӣ нисбат ба сарбози нирӯҳои марзбонӣ Шаҳбол Мирзоев, рӯзи 11 июн дар додгоҳ гуфт, набояд товони зарари Шаҳболро танҳо ба гардани ӯ бияндозанд.
Шарафҷон Нарзуллоев, додраси додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 11 июн аз Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми низомии нирӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва муттаҳами асосӣ дар бадрафторӣ нисбат ба ҳамхидматаш Шаҳбол Мирзоев, пурсид, ки 5 572 сомонӣ товони зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатии Шаҳболро пардохт хоҳад кард ё на? Аммо вакили дифои Ғайратов дар посух гуфт, «дар маҷрӯҳ шудани Шаҳбол Мирзоев танҳо Усмоналӣ гунаҳкор набуда, дар баробари ӯ бояд Гулрафтор Ширинова, муттаҳами дигар ва чанд нафари дигар низ ҷарима шаванд. Набояд Усмоналӣ дар танҳоӣ ин ҷаримаро пардохт кунад».
Ғайратов низ зимни суханронии худ дар мурофиа гуфт, ки худро тибқи моддаи 373, қисми 2, яъне вайрон кардани оинномаи ҳарбӣ, гунаҳкор медонад. Вале ӯ иттиҳоми дувумро, ки ба маҷрӯҳ ёрии тиббӣ нарасонидааст, напазируфт ва бино бар ин, мегӯяд, ба ҷарима розӣ нест. Ба гуфтаи ин сарбоз, вай ҳангоми сар задани ҳодиса ба Шаҳбол кӯмаки аввалияро расонидааст. Вай ба ин пурсиш, ки чаро ба шоҳидони ҳодиса дастур додааст, ки бигӯянд, Шаҳбол нос кашида, худаш аз болои кат афтидааст, гуфт, "нахостааст, то анҷоми муҳлати хизматаш номаш доғдор бошад".
Усмоналӣ Ғайратов ҳамчунин гуфт, рӯзи 6-уми март сарбозон дар қисми низомӣ гуштӣ мегирифтанд ва Шаҳбол ӯро ба қувваозмоӣ даъват кардааст: «Шаҳбол пештар бо Фаррухи Сафаралӣ гуштӣ гирифта истода буд. Баъди вай бо ман баромад. Шаҳбол давида аз пойҳоям қапид, ки ман худамро хам карда, Шаҳболро бардошта ба пуштам партофтам. Дидам, ки Шаҳбол нахест. Гуфтам «хез», гуфт «наметавонам». Фикр кардам, шӯхӣ мекунад. Ба поям оҳиста ба пояш зада, гуфтам «хез»! Гуфт «наметавонам». Дидем, овозаш паст баромад. Фикр кардем, аз ҳуш рафта бошад, як сарбози дигар зуд об оварда, ба рӯяш пошид, ки ба худ омада, гуфт «созам, фақат ҷунбида наметавонам». Лекин мо то субҳи 7-уми март ҳар чизе аз дастамон меомад, барои расондани ёрии аввалия анҷом додем».
Аммо дар ин байн зикр нагашт, ки Шаҳбол барои табобати дарди дандонаш ба бунгоҳи тиббии қисми ҳарбӣ омада буд. Яке аз мавзӯъҳое, ки дар додгоҳ баҳс мешуд, ба шароити расондани Шаҳбол ба бемористон бастагӣ дошт.
Музаффар Наҷмиддинов, пизишки Қарияи Боло, ки табобати Шаҳболро дар ин бемористон ба ӯҳда дошт, гуфт: "Вақте Шаҳболро ба бемористон оварданд, аз миён поёнаш кор намекард. Ман дақиқан намедонам, кӯмаки аввалияи тиббӣ ба Шаҳбол ба ҳангоми вуқӯи ҳодиса расонида шудааст ё не? Аммо ҳаминро медонам, ки вазъаш ҳангоми овардан ба бемористони Қарияи Боло хело вазнин буд. Шаҳболро ҳатто агар сарвақт ҳам ба бемористон меоварданд, ҳолаташ вазнин буд".
Қазияи ба беморхона дер овардани Шаҳбол Мирзоев дар ҳоле садо дод, ки ба қавли кормандони қисми низомии 2620, онҳо натавонистаанд сари вақт мошин пайдо кунанд.
Баргигул Солеҳова, корманди нуқтаи тиббии қисми ҳарбии 2620 дар толори додгоҳ гуфт, субҳи 7-уми март Усмоналӣ Ғайратов ба наздаш омада, гуфтааст, ки Шаҳбол Мирзоев бемор аст ва рафта онро бинад. Ин хонум мегӯяд, ҳангоме ба Ғайратов гуфтаст, сарбоз худаш ба наздам биёяд, Ғайратов посух дода, ки ӯ омада наметавонад, чун ҳолаш вазнин аст: «Вақте дақиқ кардам, ки дасту пойҳои Шаҳбол кор намекунад, чизеро ҳис намекунад, зуд ба масъулон хабар додам. Ин тарафу он тараф давидам, мошин наёфтем, ки Шаҳболро ба зудӣ ба госпитал барем. Мошин, ки набуд, то омадани командири қисми низомӣ интизор шудем. Вақте командир омад, бо мошини худаш Шаҳболро ба бемористон бурдем».
Ин хонум ҳамчунин гуфт, субҳи 7-уми март Шаҳбол Мирзоев ба суоли он ки "чӣ шуд?" - гуфтааст, ки "аз кати хоб ба замин афтид". Корманди нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, кати хоб ҳудудан якуним метр аз замин баланд буд ва наметавонист сабаби чунин маъюбӣ шавад.
Муҳокимаи парвандаи марбут ба маҷрӯҳ шудани Шаҳбол Мирзоев рӯзи 16 июн дар додгоҳи низомии шаҳри Душанбе идома хоҳад ёфт. Қарор аст, дар мурофиаи навбатӣ айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи марбут ба маҷрӯҳ шудани Шаҳбол Мирзоев ва вакилони дифоъ суханронӣ ва тақозои худ аз додгоҳро ироа кунанд.
Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки 7 моҳ пеш, баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд, довталабона ба хидмати артиш рафта буд, дар моҳи март, ба гуфтаи наздиконаш, бар асари латтукӯб аз сӯи як ҳамхидматаш маъюб шуд. Нирӯҳои марзбонӣ бо вуҷуди ваъда, ироаи маблағ барои табобати ин сарбозро тӯл доданд ва Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол хонаашро дар Ашт фурӯхта, писарашро моҳи май дар Красногорски Русия ҷарроҳӣ кард. Шаҳбол 19 май аз Русия баргашт, вале то ҳол дар бемористони вилоятии Суғд табибон шушҳои ӯро табобат мекунанд.
Мурофиаи имрӯза сеюмин рӯзи муҳокимаи парвандаи Шаҳбол Мирзоев дар додгоҳи гарнизони Душанбест. Ин мурофиа 2 июн оғоз ёфта, ҷаласаи дувумаш 9 июн доир шуда буд. Аммо хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ки дар ин мурофиа пайвандони Шаҳбол Мирзоев ширкат надоранд. Шаҳбол ҳоло дар бемористони муроқибатҳои вежа аст ва дар баробари миёни шикаста бо илтиҳоби шуш низ сар ба сар аст. Дар мурофиаи қаблӣ аз Шаҳбол Мирзоев вакили ӯ ва амакбачааш намояндагӣ карданд.
Усмоналӣ Ғайратов, сарбози қисми низомии 2620-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки дар латту кӯби ҳамхидматаш Шаҳбол Мирзоев муттаҳам мешавад, рӯзи 11 июн дар додгоҳ худро гунаҳкор эътироф кард. Ғайратов ҳангоми мурофиаи додгоҳӣ гуфт: “дар вайрон намудани оинномаи ҳарбӣ худро гунаҳкор меҳисобам ва аз кори кардаам сад бор пушаймонам. Ба саломатии Шаҳбол зарар расондам ва барои ин корам ҷавоб медиҳам”.
Ин сарбози нерӯҳои марзбонӣ иттиҳом дар мавриди саривақт нарасондани кӯмаки тиббиро рад намуда, изҳор дошт, ки дар лаҳзаҳои аввал маълумоти бардурӯғ пешниҳод кардааст: "Дар ҳақиқат, мо гуштӣ гирифта будем ва Шаҳбол ҷароҳат бардошт. Аммо ман ба ӯ ва дигар ҳамхидматҳо гуфтам, ки дурӯғ гӯянд, ки гӯиё Шаҳбол худаш нос кашида, ғалтидааст". Додраси қазия ба Ғайратов гуфт, ҳангоми шоҳидӣ додан дар мурофиа духӯрагӣ накунаду ҳақиқатро гӯяд, чун он ҳама ба назар гирифта мешавад. Ғайратов изҳор дошт, феълан ӯ ҳақиқатро мегӯяд ва омодааст барои кори кардааш ҷавоб гӯяд. Рӯзи чоршанбе дар баробари Усмоналӣ Ғайратов, дар мурофиаи додгоҳӣ, инчунин чанд нафари дигар, аз ҷумла, сардори нуқтаи тиббии қисми низомӣ шоҳидӣ доданд.
Баргигул Солеҳова, иҷрокунандаи вазифаи сардори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620, ҳангоми шоҳидӣ додан дар додгоҳ гуфт, субҳи 7 марти соли ҷорӣ хабар ёфтааст, ки Шаҳбол ҷароҳат бардоштааст. "Вақте ба наздаш рафтам, дидам, дарди сахти миён дораду як пояш аз кор мондааст", - гуфт ӯ. Солеҳова таъкид намуд, дар бадани Шаҳбол ҳеч гуна пайи сурху кабуд дида намешуд: “Вақти санҷидани ҳаракат ба пояш сӯзан задам, ки ҳеч ҳаракате нашуд”.
Хонум Солеҳова илова намуд, Шаҳбол бори якум ба ӯ гуфтааст, аз баландӣ афтодааст, вале баъдан аз бародари Шаҳбол хабар ёфтааст, ки ӯ дар натиҷаи гуштӣ бо Усмоналӣ ҷароҳат бардоштааст. Баргигул идома дод, аслан дар қисми низомӣ гуштӣ гирифтан мумкин нест ва қаблан низ боре гуштигирии сарбозонро мушоҳида накардааст: “Дар қисми низомӣ 6 фелдшер фаъолият дошт, ки 4 нафари онҳо барои навбатдорӣ ҷалб мешуд. Усмоналӣ Ғайратов барои навбатдорӣ дар қисми ҳарбӣ ҷалб намешуд, зеро мегуфтанд, аввал ӯ корро омӯзад. Хабардор набудам, ки қаблан Усмоналӣ маҳкум шудааст. Ӯ бо фармони худи генерал соли 2013 дар қисми низомӣ ба кор таъин шудааст”.
Солеҳова мегӯяд, агар ҳамкорашон Гулрафтор Ширинова, ки рӯзи рух додани ҳодиса навбатдорӣ дар бунгоҳи тиббиро бар дӯш дошт, ба хонааш намерафт, шояд кор то ба ин сатҳ намерасид. Аммо Гулрафтор Ширинова, ки дар хунукназарӣ муттаҳам мешавад, изҳор дошт, он рӯз аз сабаби бемор шудани фарзандаш аз раҳбарияти нуқтаи тиббии қисми низомӣ - Солеҳова ҷавоб гирифта, дар ҷои худ Усмоналӣ Ғайратовро таъин карда буд: “Тибқи низомнома ман чунин ҳақро дорам, ки дар сурати бемор шудани фарзандам муваққатан ҷавоб гирам”.
Музаффар Наҷмиддинов, масъули Маркази миллии тиббӣ ва ҷарроҳи асаб, низ дар додгоҳ шоҳидӣ дода, гуфт: "вақте Шаҳболро ба беморхона оварданд, воқеан ҳам ҳолаташ вазнин буд ва дар бадани ӯ пайи “бақлашка” намудор буд. Ташхис нишон дод, ки ҳароммағзаш канда шудааст. Агар саривақт ҳам меоварданд, шонси сабук кардани ҳолати Шаҳбол вуҷуд надошт”. Ба суоли додситон дар мавриди саломатии Шаҳбол дар оянда Наҷмиддинов посух дод, ки “аз таҷрибаи кориям гуфта метавонам, нафари дигаре, ки монанди Шаҳбол ҷароҳат дошт, баъди 18 соли табобат сиҳат шуда буд. Ҳолати нафари дигар бо чунин ҷароҳат, ки дар Ҳиндустон табобат мегирифт, бетағйир боқӣ мондааст”.
Додгоҳ мурофиаи навбатиро рӯзи 16 июн таъин карда, интизор меравад, баъд аз шунидани баромади вакилону додситон ҳукми худро эълон кунад. Ин дар ҳолест, ки рӯзи 9 июн Ҷавлон, сарбози дигари қисми низомии 2620-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар додгоҳ латту кӯб шудани Шаҳбол Мирзоев аз сӯи Усмоналӣ Ғайратовро тасдиқ карда буд. Ба қавли Ҷавлон, Шаҳбол Мирзоев шоми 6 марти соли ҷорӣ аз тарафи Усмоналӣ Ғайратов дар нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 мавриди латту кӯб қарор гирифтааст. Ин сарбоз дар додгоҳ гуфт, Ғайратов дар утоқи тиббии қисми низомӣ менишаст ва вақте аз панҷара Шаҳболро мебинад, ӯро ба дохил даъват мекунад. Ба нақли Ҷавлон Ёриев, “вақте Шаҳбол вориди утоқ шуд, Усмоналӣ ба ӯ гуфт, то ҳар ду рӯйи худро дам кунад ва ҳамон замон як шаппотӣ зад”. Аз рӯи нақли Ҷавлон, Усмоналӣ баъд аз ин ба Шаҳбол пешниҳод мекунад, то бо ҳам гуштӣ бигиранд ва ҳарчанд Шаҳбол рад мекунад, Усмоналӣ ӯро ба замин ғалтонда, ба шикамаш бо лагад мезанад.
Барои назорати ҷараёни ин мурофиаи додгоҳӣ теъдоди зиёди одамон омада буданд, вале ба далели маризӣ Шаҳболу падараш натавонистанд ба мурофиа биёянд. Онҳоро дар додгоҳ Бунёд Ёрматов, яке аз наздиконашон ва инчунин вакили мудофеъ Абдурҳамон Шарифов намояндагӣ доранд. Парвандаи латту кӯби Шаҳбол Мирзоев ҳанӯз моҳи марти соли ҷорӣ бар асоси моддаи 373, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ боз шуда буд. Абдураҳмон Шарифов, вакили мудофеи Шаҳбол, мегӯяд, Усмоналӣ Ғайратов барои баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ ва нақзи оинномаи рафтори сарбозон муттаҳам мешавад ва ҳамроҳи ӯ Гулрафтор Ширинова, фелдшери нуқтаи тиббии қисми низомии нерӯҳои марзбонӣ, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, низ дар курсии айбдорӣ нишастааст. Ширинова барои хунукназарӣ ҳангоми иҷрои кор муттаҳам мешавад.
Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Масъулини Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе, ки ин қазияро тафтиш доранд, гуфта буданд: “Гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст. Алайҳи Ғайратов тибқи моддаи 373-юми Кодекси ҷиноӣ (вайрон кардани қоидаҳои ойинномавии муносибат байни хидматчиёни низомие, ки тобеъи ҳамдигар нестанд) парванда боз шудааст”.
Вале Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия қасдан латту кӯб шудани сарбоз Шаҳбол Мирзоевро такзиб ва айбдор будани масъулини саррраёсатро дар ин қазия рад кард. Дар иттилоияи ин ниҳод омада буд, “пеш аз ҳодисаи осебгирии Мирзоев Шаҳбол дар вақти гӯштигирӣ Ғайратов ягон маротиба мавриди лату кӯб қарор надошт. Ҳолати бо теғ (лезва) буридани пойҳои Мирзоев Ш.Н. ҳам ба ҳақиқат наздикӣ надорад, танҳо баъди гирифтани осеб аз ҷониби табибон барои муайян кардани ҳискунии пойҳои ӯ бо сӯзан пай монда шудааст”.