Вакили дифоъ умрбод аз ҳаққи кор маҳрум мешавад

Як вакили дифои тоҷик, ки аз шиканҷаи маъмурони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия шикоят карда буд, ба хатари умрбод маҳрум шудан аз ҳаққи адвокатӣ рубарӯ шудааст.

Бар асоси ҳукми Додгоҳи ноҳияи Сино, адвокат Абдулазиз Абдураҳмонзода ба пардохти ҷарима муваззаф шуд ва дар сурати қувваи қонунӣ гирифтани қарори додгоҳ, дигар наметавонад ба ҳайси адвокат кор кунад.

Саидбек Нуриддинов, раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон рӯзи 30-юми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ вакили дифои ҷавон Абдулазиз Абдураҳмонзода ба қаллобӣ гунаҳкор карда, ӯро ба пардохти ҷарима дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ муваззаф кард.

Ҳукми додгоҳ дар нисбати Абдулазиз Абдураҳмонзода рӯзи 17-уми октябр содир шуда, танҳо шоми 29-уми октябр Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа бо пахши як хабарнома аз он нигаронӣ кард. Раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон мегӯяд, аз болои ҳукм ба Додгоҳи Душанбе шикоят бурдааст.

Парванда алайҳи Абдулазиз Абдураҳмонзода аз сӯи маъмурони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Душанбе оғоз шуда буд ва мақомот вакили дифоъро ба гирифтани маблағ аз як шаҳрванд муттаҳам карданд. Аммо Абдулазиз Абдураҳмонзода ва 15 вакили дифои ӯ ин иттиҳомро рад карда гуфтанд, баръакс Абдураҳмонзода аз сӯи маъмурони Оҷонсӣ шиканҷа шудааст.

Саидбек Нуриддинов, раиси Иттифоқи адвокатҳо мегӯянд, бо вуҷуди пешниҳоди санадҳо дар бораи шиканҷаи Абдураҳмонзода, додситонӣ мавҷудияти шиканҷаро рад кард ва додгоҳ низ зерҳимояи ӯро гунаҳкор шинохт. Нуриддинов гуфт, аз болои қарори додгоҳ ба зинаҳои болоӣ шикоят навиштааст.

Раиси Иттифоқи адвокатҳо мегӯяд, масъалаи аслӣ на дар пардохти ҷарима, балки дар он аст, ки Абдулазиз Абдураҳмонзода умрбод аз ҳаққи кор ба ҳайси вакили дифоъ маҳрум мешавад.

"Дар соли 2015 ба қонуни адвокатура тағйирот ворид карданд, ки тибқи он агар одам ба ҷавобгарӣ кашида шаваду афв шавад ё маҳкум шавад умрбод ҳаққи адвокат шудан надорад. Яъне аз касб маҳрум мешавад. Аз болои ин муқаррарот ба ҳукумат, ба президент ва ба порлумон муроҷиат кардем, ки ин ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқат намекунад. Инхел маҳдудиятҳо бояд набошанд. Мутаассифона дар ҳоли ҳозир ин муроҷиатҳо бенатиҷа аст",-гуфт Саидбек Нуриддинов.

Раиси Иттифоқи адвокатҳо афзуд, дар сурати қувваи қонунӣ гирифтани қарори додгоҳ, Абдулазиз Абдураҳмонзода умрбод аз ҳаққи кор ба ҳайси вакили дифоъ маҳрум мешавад. Муқаррароте, ки созмонҳои байналмилалӣ ва вакилони мудофеъ борҳо аз он интиқод кардаанд.

Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон мегӯяд, Абдулазиз Абдураҳмонзода барои он ки гӯиё талаби кормандони Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро дар бораи "пора" додан ба як додрас рад кард, шиканҷа шудааст. Иддаое, ки масъулони Оҷонсӣ рад ва баръакс вакили дифоъро ба қаллобӣ муттаҳам мекунанд.

Абдулазиз Абдураҳмонзода 27 сол дошта, чаҳор сол боз ба ҳайси вакили дифоъ кор мекунад. Парвандаи ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ, ки аз ҷониби Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боз шудааст, баррасӣ мешавад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, солҳои охир дар Тоҷикистон фаъолияти вакилони мудофеъ мушкил шудааст. Ду соли пеш баъд аз имтиҳони Вазорати адлияи Тоҷикистон тақрибан якуним ҳазор вакили дифоъ ҳаққи фаъолиятро аз даст доданд. Ҳоло 800 нафар мақоми вакили мудофеъро соҳиб шудаанд.

Тоҷикистон баъди чунин "аттестатсия" зери танқиди сахти созмонҳои ҳомии ҳуқуқ қарор гирифт, ки гуфтанд, мақомот бо ҳамин баҳона хостанд, аз вакилони дигарандеш халос шаванд. Чанд вакили дифоъ, ки аз ҳаққи мухолифони давлат ҳимоят мекарданд, ё ҳукуматро ошкоро танқид кардаанд, паси панҷара рафтаанд.

Бар асоси қарори ҳукумат то охири сол бояд тарҳи нави қонун дар бораи фаъолияти вакилони мудофеъ омода шавад. Тағйир ва ислоҳи қонун яке аз тавсияҳои асосии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳукумати Тоҷикистон аст, ки имсол ҳукуматро барои бархӯрд бо адвокатҳо сахт танқид кард.

Ozodi