Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар соли 2021 ба идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон 15 шикоят дар мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона ворид шуда, вале ҳеҷ яке аз онҳо тасдиқ нашудааст. Дар ин бора рӯзи 3-юми феврал дар нишасти матбуотӣ сардори бахши ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандию сиёсии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар кишвар Муқим Ашӯров хабар дод.
«Ҳамаи муроҷиатҳо барои тафтиш ба Прокуратураи генералӣ фиристода шуданд, вале ягон далели шиканҷаи эҳтимолӣ тасдиқ нашуд. Бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон панҷ шикоят дар бораи эҳтимоли шиканҷа дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ баррасӣ шуд - кормандони мо аз маҳбасҳо дидан карда, бо маҳбусони дар шикоят зикршуда вохӯрданд, вале далелҳои шиканҷа тасдиқ нашуданд», - гуфт Ашӯров.
Дар маҷмуъ, Умед Бобозода - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар як соли охир вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон беҳтар шудааст. Ба гуфтаи ӯ, инро натиҷаҳои мониторинг ва санҷишҳои соли 2021 аз ҷониби ниҳодҳои мухталиф дар муассисаҳои пӯшида ва нимапӯшида, тавқифгоҳҳои тафтишотӣ, тавқифгоҳҳои муваққатӣ, қисмҳои низомӣ, мактаб-интернатҳо гузаронидашуда тасдиқ мекунанд. «Дар маҷмуъ, 33 мониторинг, 27 санҷиш ва 10 боздид дар муассисаҳо гузаронида шуд»,- қайд кард Ваколатдор.