Васеъ намудани фаъолияти Эътилофи зидди шиканҷа дар минтақаи Кӯлоб

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон (минбаъд эътилоф) фаъолияти худро рӯз аз рӯз дар қаламрави шаҳру ноҳияњои минтақаи Кӯлоб васеъ намуда, аллакай дар шаҳру ноҳияҳои пилотӣ бо раисони мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатӣ вохӯриҳо анҷом дода, баъди ба имзо расонидани "Эъломия оид ба ҳамкории якҷоя" ҷиҳати амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои худ фаъолияташро идома медиҳад.

Дар матбуоти даврӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба васеъ намудани фаъолияти Эътилоф дар минтақаи Кӯлоб маводҳои зарурӣ паҳн гардида, иттилоъ дода шуд, ки айни замон эътилофи мазкур ҳадафу мақсадҳои худро дар якҷоягӣ бо кормандони ташкилоти ҷамъиятии "Наҷоти кӯдакон" дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб амалӣ мекунад.

Зимни вохӯрӣ бо раисон, муовинон ва фаъолони ноҳияҳои Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Восеъ, Фархор ва шаҳри Кӯлоб иттилоъ дода шуд, ки Эътилоф тавассути ташкилоти ҷамъиятии «Наҷоти кӯдакон» чорабиниҳоро оид ба баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ, маърифатнокии мардум, пешгирӣ намудани ҳама гуна намуди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат, аз ҷумла ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, пешгирӣ кардани хушунат ва зӯроварӣ дар оила ва ҷомеа роҳандозӣ менамояд. Ҳамаи ин фаъолиятњо дар чорчӯбаи қонунњои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда, баҳри дарёфти ҳолатҳои шиканҷа ва беҷазоӣ мақсаду вазифаҳои худро пиёда месозад. Муҳимтарин нукта, ки зимни ҳар як вохӯрӣ бо фаъолону масъулони шаҳру ноҳияҳои номбаршуда пурсон мешуданд, ин масъалаи шиканҷа ва беҷазоӣ дар байни кормандони мақомоти давлатӣ буд.

Зимнан, ба саҳми ҳозирин расонида шуд, ки ШИКАНҶА - қасдан расонидани азобу уқубати ҷисмонӣ ё руҳист, ки аз ҷониби намояндагони мақомоти давлатӣ бо мақсади муайян истифода бурда мешавад. Чунин мақсадҳо метавонанд аз гирифтани маълумот ё нишондод дар содир намудани ҷиноят, тарсонидан, ҷазо додан барои ягон ҳаракат иборат бошанд. Намудҳои аз ҳама маъмули шиканҷаи ҷисмонӣ - ин латукӯб, истифодаи қувваи барқ, бо халтаи пластикӣ (селофанӣ) бӯғӣ кардан, муддати дароз хӯрок надодан ва нарасонидани ёрии тиббӣ мебошад.

Дар ҳамоише, ки бо масъулону фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин гузаронида мешуд, иброз гардид, ки хушбахтона вақтҳои охир дар минтақаи Кӯлоб, бахусус дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин чунин ҳолатҳо ба қайд гирифта нашудаанд ва ё агар бошанд, дастарсӣ ба чунин иттилоъ ғайриимкон аст. Зимнан, гуруҳи дигар иброз доштанд, ки агар чунин ҳолатҳо бошанд, бо дастрасӣ ба интернет тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳатман расонаӣ мешаванд. Дар ҳамин маврид аз ҷониби масъулини ташклоти ҷамъиятии «Наҷоти кӯдакон» иттилоъ дода шуд, ки то ин вақт Эътилоф дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба таври зарурӣ фаъолияти худро пиёда насохта буд. Баҳри иштирокчиёни ҳамоишҳо дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бори дигар иттилоъ дода шуд, ки акнун сокинони минтақа метавонанд оид ба он мушкилот ва оқибатҳои шиканҷа, ки бахусус дар давраи пандемия ва хурӯҷи бемории COVID-19 рӯ ба рӯ шуда буданд, ба мутахассисони ташкилот, аз ҷумла ба ҳуқуқшинос, рӯзноманигорон, равоншиносон ва коршиносони ботаҷриба муроҷиат намуда, дар самти мубориза бар зидди шиканҷа ҷиҳати ҳаллу фасли воқеаи рӯйдода маслиҳатҳои муфид гиранд.

Дар ноҳияҳои Муъминобод, Фархор, Восеъ ва шаҳри Кӯлоб низ нисбат ба масъалаи мазкур суҳбатҳои созанда ташкил карда шуда, қайд гардид, ки ташкилоти ҷамъиятии "Наҷоти кӯдакон" дар якҷоягӣ бо эътилофи мазкур фаъолияти худро дар самтҳои гуногун, аз ҷумла бақайдгирии ҳолатҳои шиканҷа, пешниҳод кардани ёрии ҳуқуқӣ ба ҷабрдидагони шиканҷа ва хешовандони онҳо, пешбурди парвандаҳо дар суд амалӣ мегардонад. Ҳадафи дигари фаъолияти эътилоф - ин пешбарӣ намудани сиёсати миллӣ оид ба озодӣ аз шиканҷа, дар ин замина, пешбурди механизмҳои одилона ва ба таври дуруст ҷуброн шудани товони зарар ба ҷабрдидагони шиканҷа дар судҳо мањсуб меёбад. Ба самъи ҳозирин расонида шуд, ки айни замон дар сартосари Тоҷикистон беш аз 130 корманди тиббӣ стандартҳои бақайдгирии самараноки ҳолатҳои шиканҷаро омӯхта, аллакай дар чандин маврид ба сокинон, алалхусус ҷабрдидагон мусоидат намудаанд.

Муҳимтарин нукта, ки зимни вохӯрӣ бо фаъолон ва масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бароямон рӯшан гардид, ҷиҳати муайян ва ошкор намудани ҳолатҳои шиканҷа ва беҷазоӣ онҳо ҳамкориро бо Эътилоф ба таври густурда ба роҳ мемонанд. Новобаста ба вохӯриҳои анҷомдода бо масъулон ва раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, Эътилоф ба самъи шаҳрвандони минтақаи Кӯлоб мерасонад, ки дар мавриди поймол шудани ҳуқуқу озодӣ ва рӯ ба рӯ шудан бо шиканҷа ва беҷазоӣ, ки ҳимояи он дар Конститутсияи Тоҷикистон дарҷ шудааст, муроҷиат намоянд.

Эътилоф сомона (вебсайт)-и худро дорад, ки дар суроғаи https://notorturetj.org/ ҷойгир шудааст ва дар масъалаи шиканҷаву муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон, алалхусус дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб, воситаи умумии иттилоотӣ мебошад.

Барои тамос: в. Хатлон, шаҳри Кӯлоб, к. Шамсиддин Шоҳин

Телефон: +992 918198718

Суроғаи электронӣ: najoti-kudakon@yandex.ru

ТҶ “Наҷоти кӯдакон”