Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Марҳилаи савуми мониторинги маҳбасҳои Тоҷикистон, ки аз сӯи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва созмонҳои зидди шиканҷа идома дорад, дар баробари беҳбуди вазъи зиндонҳо, вуҷуди шиканҷа дар маҳбасҳоро низ ошкор кардааст.
Марҳилаи сеюми мониторинг ё худ бозрасии маҳбасҳои Тоҷикистон аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷаи ин кишвар маълум кардааст, ки утоқҳои аксари маҳбусҳо торик ҳастанд ва дастрасии бевосита ба оби поки ошомиданӣ надоранд. Ин бозрасӣ ҳамзамон мегӯяд, ки мавориди шиканҷа дар зиндонҳои кишвар коҳиш ёфтааст ва вазъи зиндониён беҳтар шудааст.
Ҳусниддин Нидоев, муовини раиси яке аз шӯъбаҳои Омбудсмени Тоҷикистон рӯзи 21-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар якҷоягӣ бо намояндагони Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷаи Тоҷикистон бозрасии давраи сеюми маҳбасҳои Тоҷикистонро баррасӣ доранд ва дар охирҳои моҳи ноябр онро ба анҷом хоҳанд расонид. То кунун ду давраи мониторинг анҷом дода шуда ва ба шакли китоб ба нашр расидааст.
Ҷаноби Нидоев афзуд, дар ҷараёни ин мониторинг, дар ҳар маҳбас бо 15 нафар маҳбус сӯҳбат карда ва аз онҳо дар масъалаи вуҷуди шиканҷа, шароити зист, сифати рахти хоб, вазъи ҳаммомҳо, чигунагии муносибати кормандони маҳбасҳо бо зиндониҳоро суол менамоянд. Вай гуфт, яке аз суолҳои асосӣ масъалаи шиканҷа мебошад ва тайи ин бозрасӣ аз ҳар маҳбусе, ки пурсиданд, вуҷуди он дар маҳбасро рад кардааст. Вай мегӯяд, нисбат ба 6-7 соли пеш вазъи маҳбасҳо аз ҳар нигоҳ беҳтар шудааст.
Аммо Таҳмина Ҷӯраева, намояндаи Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон дар мавриди ҷараёни бозрасӣ гуфт, ба сурати умум вазъ дар зиндонҳо беҳбуд ёфта бошад ҳам, вале ҳанӯз ҳам мушкилоте дар робита ба вазъи маҳбусон вуҷуд доранд.
Ӯ мегӯяд: “Дар аксари маҳбасҳо зиндониҳо дастрасии бевосита ба оби ошомиданӣ надоранд ва обро аз дигар ҷой мекашанд. Вазъи рӯшанӣ дар дохили утоқҳои зиндонҳо бад аст ва дар аксари утоқҳо рӯшанӣ таъмин нест, лампа надоранд ва дар торикӣ ба сар мебаранд.”
Ба гуфтаи ин фаъоли Эътилофи зидди шиканҷа, агар дар давраҳои пешини мониторинг масъулони раёсати ислоҳии маҳбусҳо таъин мекарданд, ки аз кадом зиндон хабар гирифта шавад, дар ин навбат бошад бидуни огоҳии пешакӣ аз маҳбасҳо ва зиндониҳо хабар гирифтаанд. Хонум Ҷӯраева афзуд, дар ин муддате, ки монторинг идома дорад, танҳо ду ҳолати шиканҷа ба қайд гирифта шудааст, ки ба хотири амнияти маҳбусон ному насаби онҳо оварда намешавад.
Таҳмина Ҷӯраева гуфт, дар охирҳои моҳи ноябри соли ҷорӣ бозрасӣ пурра анҷом шуда ва натиҷаи ниҳоии он дар сомонаи Созмони зидди шиканҷа ба нашр расида ва ба шакли китоб ба дасти хонанда хоҳад расид.
Шиканҷаву бадрафторӣ дар зиндонҳо, аз масоилест, ки масъулони маҳбасҳо ва боздоштгоҳҳои Тоҷикистон ҳамвори мавриди интиқод қарор мегиранд. Дар солҳои охир чанд қазияи марбут ба шиканҷа, аз ҷумла маргҳои мармузи Умедҷон Тоҷиев, Ҳамза Икромзода, Исмоил Бачаҷонов, Низомиддин Ҳомидов, Саймурод Орзуев, Сафаралӣ Сангов ва Баҳромиддин Шодиев, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, бар асари бадрафторӣ дар боздошт ҳалок шудаанд, дар ҷомеа сару садоеро ба бор овард.